Дар зарфи 4 моҳи соли равон аз содироти барқ Тоҷикистон 11,2 млн доллар маблағ ба даст овард, ки 30,8% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар аст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Аз ба кадом кишварҳо ба чӣ миқдор интиқол ёфтани барқ аз Тоҷикистон дар ин давра ишора нашудааст.

Лекин содироти барқ аз Тоҷикистон айни замон танҳо ба ду кишвар - Афғонистон ва Ӯзбекистон имконпазир аст.

Қаблан барқ аз Тоҷикистон дар ҳаҷми начандон зиёд ҳамчунин ба Қирғизистон интиқол дода мешуд, лекин пас аз муноқишаи мусаллаҳона бо ин кишвар охири моҳи апрели ҳамин сол ҳама гуна робитаҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷониба қатъ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, вазири энергетикаи Ӯзбекистон Алишер Султонов чанд рӯз қабл дар мусоҳиба ба ВАО-и Ӯзбекистон хабар дод, ки воридоти неруи барқ аз Тоҷикистон дар мавсими баҳору тобистон ду сол боз пайдарпай кам мешавад.

Ба ин тариқ, ба гуфтаи ӯ, давоми моҳҳои май-сентябри соли 2020 дар бораи таҳвили 1,2 млрд кВт/соат барқ қарордод ҳосил шуда, лекин дар амал Ӯзбекистон ҳамагӣ 566 млн кВт/соат барқ гирифт.

Вазири кишвари ҳамсоя гуфт, ин ҷо касе айбдор нест, зеро чунин ҳолат бар асари сабаҳои воқеӣ - камобӣ ба вуҷуд омад.

Ӯ таъкид дошт, ки мувофиқи қарордоди моҳи май имзошуда байни ширкатҳои энергетикии кишварҳо, дар мавсими тобистони имсола аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 197,4 млн кВт/соат неруи барқ интиқол дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 56,4 млн кВт/соат неруи барқ ба хориҷи кишвар содир кард, ки 40% камтар нисбат ба соли 2019 аст. Ин ба он маънидод мешавад, ки бар асари камобӣ дар дохили худи ҷумҳурӣ камбуди шадиди барқ эҳсос мешуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.