Дар зарфи 5 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии қариб 113 млн доллар ҳудуди 209 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, хабар медиҳад Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ.

Ин нишондиҳанда нисбат ба моҳҳои январ-майи соли 2020 аз рӯйи вазн 8,8% ва аз рӯйи арзиш 6,8% камтар мебошад.

Яъне арзиши як тонна маҳсулоти нафтӣ ба ҳисоби миёна аз 528 доллар дар соли гузашта то ба 540 доллар дар соли ҷорӣ боло рафтааст.

Дар баробари арзиши яклухти қариб бетағйири маҳсулоти нафтии воридотӣ, нархҳои чаканаи он дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории кишвар дар ин давра ба таври назаррас боло рафтанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар ин давра нархи бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории кишвар ба ҳисоби миёна 41,5%, сӯзишвории дизелӣ - 16,2% ва гази моеъ - 13,7% зиёд шуданд.

Ёдрас мекунем, ки болоравии нисбатан баланди арзиши сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши он охири моҳи феврал - аввали моҳи март сурат гирифт.

Воридкунандагони ин навъи маҳсулот беқурбшавии асъори миллиро, ки тайи соли ахир нисбат ба доллар ба андозаи 16,6% (қурби расмӣ) поин рафт, яке аз сабабҳои асосии гароншавии нархи сӯзишворӣ медонанд. Дар хориҷа онҳо сӯзишвориро бо асъори хориҷӣ харида, дар нуқтаҳои фурӯши дохили кишвар бо сомонӣ мефурӯшанд.

Аз соли 2013 Тоҷикистон аз Русия бидуни боҷи содиротӣ маҳсулоти нафтӣ мегирад, ки ҳаҷми он ҳамасола байни сохторҳои марбутаи кишварҳо бо назардошти талаботи бозори дохилии Тоҷикистон мувофиқа мешавад.

Дар соли 2021 ҷонибҳо таҳвили маҳсулоти нафтии имтиёзнокро дар ҳаҷми 830 ҳазор тонна мувофиқа кардаанд. Аз ҷумла Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ 260 ҳазор тонна бензин, 310 ҳазор тонна сӯзившории дизелӣ, 40 ҳазор тонна сӯзишвории авиатсионӣ, 30 ҳазор тонна мазут, 40 ҳазор тонна битум, 100 ҳазор тонна кокси нафтӣ ва 50 ҳазор тонна гази моеъ гирифта метавонад.

Маҳҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон асосан аз ду корхонаи Русия - Корхонаи коркарди нафти Омск (“Газпром”)  ва ККН Орск (“Русснефть”) оварда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.