Қарзи умумӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон аввали моҳи май бо дарназардошти бақияи солҳои гузашта ҳудуди 62,6 млн сомонӣ (5,5 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.
Нисбат ба аввали соли ҷорӣ, ки қарз аз пардохти маош дар ҷумҳурӣ қариб ба 80,6 млн сомонӣ (7,1 млн доллар) мерасид, ин нишондиҳанда 18 млн сомонӣ (1,6 млн доллар) камтар аст.
Дар соли 2020-и хурӯҷи пандемия қарз аз музди меҳнат дар кишвар ба андозаи 47,7 млн сомонӣ (4,2 млн доллар) зиёд шуд.
Сабаби камшавии қарз аз маош ба пардохти он дар соҳаҳои саноати коркард ва иттилооту алоқа маънидод мешавад.
Бо вуҷуди ин, қарзи аз ҳама зиёд дар бахши саноати коркард - зиёда аз 20,8 млн сомонӣ (1,8 млн доллар) боқӣ мемонад.
Музди моҳонаи миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ ба аввали моҳи феврал 1445 сомонӣ (128 доллар) ва ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал (минималӣ) - 400 сомонӣ (36 доллар)-ро ташкил дод.
Ҳамчунин қарзи нисбатан зиёдтар аз пардохти маош дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок (15,7 млн сомонӣ), сохтмон (7,1 млн сомонӣ) ва нақлиёт (10,4 млн сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.
Музди моҳонаи миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ ба аввали моҳи май 1535 сомонӣ (136 доллар) ва ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал (минималӣ) - 400 сомонӣ (36 доллар)-ро ташкил дод.
Маоши аз ҳама баландро дар кишвар кормандони соҳаи бонкдорӣ ва ширкатҳои суғурта (4063 сомонӣ - 359 доллар), иттилоот ва алоқа (3711 сомонӣ - 328 доллар) гирифта, музди меҳнати пасттарин дар бахши кишоварзӣ – 630 сомонӣ (55 доллар) сабт шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста