Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз амонатгузорону пасандозгузорони бонки дар ҳоли барҳамхӯрии "Агроинвестбонк" хоҳиш кардааст, ки барои бозпас гирифтани амонатҳояшон "каме сабр" кунанд ва ваъда додааст, ки рӯзҳои наздик ба пардохти амонатҳо оғоз мекунанд.  

Бояд гуфт, ки бозпас додани амонатҳои пасандозгузорони бонки дигар дар ҳоли барҳамхӯрии "Тоҷиксодиротбонк" рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта оғоз шуд, ки ба онҳо дар зербахшҳои "Ориёнбонк" пулҳояшонро медиҳанд. 

«Бо дар назар гирифтани шумораи зиёди амонатгузорони ҶСК «Агроинвестбонк» (бештар аз 27,0 ҳазор. нафар), Хазина тафтиши пурраи омода кардани рӯйхати амонатгузоронро анҷом дода, дар марҳила ба итмом расонидани корҳои лозимии омода карлани чораҳои  омодагиву техникии бонк-агент аст. Дар робита ба ин, Хазина бо эҳтиром аз ҳамаи амонатгузорони ҶСК "Агроинвестбонк" хоҳиш мекунад, ки сабр кунанд ва дарк кунанд - таърихи пардохти амонатҳо муайян ва рӯзҳои наздик эълон карда мешавад",-гуфта мешавад дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки барои пардохти ҳамаи амонатгузорони ҳар ду бонки дар ҳоли барҳамхӯрӣ 215,0 миллион сомонӣ зарур аст, ки 67% ҳаҷми умумии маблағҳои захиравии Хазинаи ҷуброни суғуртаро ташкил медиҳад. 

Дар ин Хазина мегӯянд, ки маблағҳо барои бозпас гардонидани амонатҳои мардум басандаанд. Гуфта мешавад, ки ба ҷуз "Ориёнбонк" ҳамчунин "Амонатбонк" низ ба унвони бонк-агент ворид карда мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.