Захираҳои байнулмилалии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба аввали нимсолаи дуюми соли ҷорӣ 7,5 моҳи рӯйпӯши воридотро ташкил доданд, хабар дод зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев.
Ба гуфтаи Нуралиев, дар ин давра 95%-ро дар сохтори захираҳои байнулмилалии Бонки миллӣ асъори хориҷӣ ва 5%-ро ҳиссаи тилло ташкил дод.
Дар бораи арзиши умумии захираҳои байнулмилалӣ дар ифодаи пулӣ, инчунин ҳаҷми хариду фурӯши тилло дар 6 моҳи соли равон маълумот дода нашуд.
Тибқи маълумоти расмии оморӣ, соли 2020 ҳаҷми миёнаи моҳонаи воридот дар ифодаи пулӣ 262 млн долларро ташкил додааст.
Бо ин назардошт, метавон тахмин зад, ки захираҳои тиллову асъори БМТ то нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1 млрд 965 млн долларро ташкил додааст, ки 262 млн доллар камтар нисбат ба аввали сол аст.
Камшавии ҳаҷми ин захираҳо шояд ба фурӯши тилло ба хориҷа вобаста бошад: тибқи маълумоти оморӣ, дар зарфи 5 моҳи соли равон зиёда аз 68% аз ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти Тоҷикистонро фулузот (металл) ва сангҳои қиматбаҳову нимқиматбаҳо ташкил медиҳад.
Қаблан зикр гардида буд, ки Бонки миллӣ захираҳои байнулмилалии худро дар бонкҳои Швейтсария ва Олмон нигоҳ медорад.
Аввали соли равон захираҳои тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон 8,5 моҳи муҳлати рӯйпӯши воридотро ташкил дода буданд.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дар баробари БМТ Вазорати молия низ захираҳои тиллову асъор дар ихтиёр дорад. Маълумот дар бораи ин захираҳо ифшо намегардад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тоҷикистон бензин ва сӯзишвории дизелиро аллакай бо рубл мехарад
Шумори муҳоҷирони ба Русия воридшуда аз рекорди 6 сол пеш зиёд шуд
Вазорат норасоии омӯзгоронро аз 3 ҳазору 406 ба 544 нафар расондааст. Норасоии омӯзгорон дар кишвар ҳал шуд?
Агентии Оғохон ба мақомоти ноҳияҳои Рашту Файзобод паноҳгоҳҳои изтирорӣ тақдим намуд
Мансабдори давлатӣ барои шаҳодатномаи замин 13 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст
Ширкати 7 ҷудокори тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо дар Эквадор
“Толибон” боз хостори баргардонидани чархболҳо аз Тоҷикистону Ӯзбекистон шуданд
Темур Раҳимов дар вазни худ ҷудокори №1 дар ҷаҳон шуд
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Бубинед кай ва кадом роҳҳо баста мешаванд
Низомиёни тоҷик дар бозиҳои ҳарбии “Десанти баҳрӣ-2022” иштирок мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста