Дар соли шаш моҳи 2021 вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон 59 дар сад кам шудааст. Ин нуктаро Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, имрӯз дар нишастии матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон гуфт. 

Ба гуфтаи раиси Кумита, имсол ҳамагӣ 125,3 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаасту халос. Ҷӯразода далели аслии кам шудани гардишгарони хориҷиро пандемияи коронавирус номид. Ҳамчунин раиси Кумита, як далели дигари кам ворид шудани гардишгаронро дар ин давраи шадиди ҳамагирӣ, гарон будани нархи билетҳои ҳавопаймо донист.

Баъди ҳамагирии вируси куруно, саҳми бахши сайёҳӣ дар ММД то 1 дар сад коҳиш ёфтааст. Дар соли 2021 ҳамаи ниҳодҳои сайёҳии Тоҷикистон 87 млн. сомонӣ кор кардаанд, ки дар соли гузашта ин омор баробар ба 75 млн. сомонӣ буд. 

Таъсири чашмгири ҳамагирии вируси куруно ба бахши сайҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2030 ҳаҷми сайёҳиро дар ММД то 5 дар сад бирасонад. Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, ки барои иҷроӣ кардани ин ҳадаф 10 миллион доллар аз сӯйи Бонки Осиёии Рушд ихтисос дода шудааст.

Дар ҳоли ҳозир  дар Тоҷикистон 226 ширкати сайёҳӣ номнавис шудааст, ки ҳамаи онҳо ширкати ватанианд ва ҳеч кадоми онҳо муштарак бо ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ нестанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.