То 1 июли соли равон дар Тоҷикистон 74 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор дорад. Маблағи умумии лоиҳаҳо 38,1 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Зимни нишасти матбуотии имрӯз, 28 июл раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Саъдӣ Қодирзода изҳор намуд, ки ин миқдор маблағ сармоягузорӣ ба бахшҳои энергетика (969 млн сомонӣ), нақлиёт (632 млн), маориф (ҳудуди 103 млн), тандурустӣ (148 млн), Хоҷагии манзилию коммуналӣ (160 млн), кишоварзӣ (105 млн сомонӣ) ва дигар соҳаҳои иқтисод равона шудааст.
Нимсолаи аввал ба рушди иқтисоди Тоҷикистон 276,3 млн доллар сармоягузории хориҷӣ ворид шудааст, ки 99 млн доллар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.
“Аз ҷониби Чин ба маблағи 104 млн доллар, Люксембург - 66,8 млн, Туркия - 13,5 млн, Швейтсария - 13,1 млн ва Арабистони Саудӣ - 10,6 млн доллар сармоягузорӣ сурат гирифт”, - иброз дошт раиси Кумита.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Кумита, сармоягузориҳои Туркия ва Швейтсария, инчунин Чин дар ҳаҷми 89,1 млн доллар сармоягузориҳои мустақим буда, ба рушди саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва саноати коркард равона шудааст.
Қодирзода инчунин зикр кард, ки тӯли 6 моҳи соли 2021 дар ҷумҳурӣ 20 ҳазору 582 субъектҳои нави соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуда, акнун шумори чунин субъектҳои хоҷагидорӣ дар кишвар 341,1 ҳазор ададро ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста