Дар робита ба рӯйдодҳои тайи 2 моҳи ахир тиҷорат бо Афғонистон ва транзити мол тавассути ин кишвар ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар ин бора рӯзи 30 июл дар як нишасти матбуотӣ раиси Хадамоти гумруки кишвар Хуршед Каримзода хабар дод.

"Агар моҳҳои январ-феврал ҳар рӯз то 50 мошин марзро убур мекард, ҳоло ҳамагӣ 2-3 мошин ва баъзан рӯзҳо ягон мошин ҳам нест", - гуфт ӯ.

Илова бар ин, бинобар рӯйдодҳо дар сарҳад, савдои дуҷониба бо Қирғизистон 4 млн доллар кам шудааст.

«Ҳоло транзити мол тавассути ин кишвар қариб амалӣ намешавад. Мошинҳои боркаш аз Русия бо молу маҳсулот тавассути Қирғизистон меомаданд. Ҳоло мо алтернатива пайдо кардем - мошинҳои боркаш тавассути Ӯзбекистон меоянд. Ҳозир 6 мошини боркаш бо молҳои Тоҷикистон дар Қирғизистон банд мондаанд, аммо ин масъала ҳал мешавад ”, - иброз дошт ӯ.

Хуршед Каримзода ҳамчунин гуфт, дар нимаи аввали соли 2021 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 2,9 млрд долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36% бештар аст. Ба гуфтаи вай, аз ҳаҷми умумии гардиши савдо 1 млрд 870 млн доллар ба воридот ва каме бештар аз 1 млрд доллар ба содирот рост меояд.

Дар муқоиса бо соли гузашта ҳаҷми воридот 24% ва содирот - 64% афзоиш ёфтааст. Дар сохтори умумии савдо ҳиссаи воридот зиёда аз 63% ва содирот тақрибан 36%-ро ташкил медиҳад.

Ҳиссаи асосии содиротро минерал ва консентратҳо - 15,4%, нахи пахта - 7,1%, алюминий - 6,9%, семент - 2,6%, риштаи пахта - 2,4%, мева ва сабзавот - 1,2% ташкил доданд. Ҳаҷми асосии содирот ба Швейтсария рост меояд - 50,9%. Баъдан Қазоқистон - 15,4%, Туркия - 11,1%, Чин - 4,5%, Ӯзбекистон - 4,3%, Бельгия - 3,5% ва Афғонистон - 3,2% қарор доранд.

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввал ба Тоҷикистон 95 намуди молу маҳсулот ворид карда шудааст.

Асосиашон инҳоянд: маҳсулоти нафтӣ - 7,8% аз ҳаҷми умумии мол, гандум - 5,8%, гази моеъ - 5,6%, мошинҳои сабукрав - 3,6%, равғани растанӣ - 2,8%, чӯб - 1,8%, шакар - 2,2% , нуриҳои минералӣ - 1,5%, мева ва сабзавот - 1,5%.

Таҳвилгарони асосии мол ба Тоҷикистон Русия - 26,5% (аз ҳаҷми умумии молу маҳсулот), Қазоқистон - 21,3% ва Чин - 17,2% мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, Каримзода зикр кард, ки дар нимсолаи аввал ба Тоҷикистон ягон дона тухм ворид нашуда, ҳаҷми воридоти гӯшти мурғ 13 млн доллар коҳиш ёфтааст.

"Ин натиҷаи аз пардохти боҷи гумрукӣ озод кардани таҷҳизот ва мавод барои рушди паррандапарварӣ дар кишвар мебошад", - афзуд ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.