Дар Тоҷикистон сарфи назар аз мавсим, помидор ва бодиринг қимат шудааст. Агар як ҳафта пеш харидории онҳо бо 3 сомонӣ имкон дошт, имрӯз онҳо аллакай 5-6 сомонӣ арзиш доранд.

Кишоварзон камбуд ва гаронии ин сабзавотро бо он шарҳ медиҳанд, ки мавсими помидору бодиринг, ки дар гармхонаҳо ва зери плёнка парвариш карда мешаванд, ба охир расида истодааст. Дар майдони кушод бошад, онҳо кам кишт шудаанд, зеро соли дуввум аст, ки бинобар тағирёбии иқлим, ба даст овардани ҳосили хуб мушкил шудааст.

Бар асари тағйирёбии иқлим, ки хеле хушку гарм аст, зимни парвариш сабзавот ба бемориҳои гуногун дучор шуда, ҳосили хуб гирифта намешавад. Аз ин рӯ, солҳои охир деҳқонон онро асосан барвақт зери плёнка парвариш намуда, моҳи август ҳосил ба охир мерасад.


“Тухмии маҳаллӣ хеле камчин аст”

Бинобар ин фермерҳо на он қадр ба парвариши помидору бодиринг дар майдони кушод барои гирифтани ҳосили дертар майл доранд.

“Ин таъсири мустақими тағйирёбии обуҳаво тайи ду соли охир аст, - чунин мешуморад фермер аз шаҳри Турсунзода Шамсулло Бахтиёров. - Се сол пеш ман ҳосили хуби дер гирифта, то моҳи октябр помидору бодиринг фурӯхтам. Акнун маҷбурам, ки заминамро зери плёнка гузаронам. Дар майдони кушод истифодаи нуриҳо ва маводи ҳифзи кимиёвӣ бештар лозим буда, лекин барои ин пули иловагӣ нест. Тухмии нав низ барои парвариш дар зери плёнка ё гармхона мутобиқ буда, дар майдони кушод ҳосили хуб намедиҳанд. Тухмии маҳаллӣ кайҳост, ки хеле камчин шудааст”.

Боз маводи сӯзишворӣ ҳам қимат шуд

Ба қавли деҳқонон, ба арзиши сабзавот болоравии нархи маводи сӯзишворӣ низ таъсир расонида, бо ин сабаб хароҷот барои нақлиёт зиёдтар шудааст.

“Қаблан барои то шаҳр бурда расонидани 1 тонна бор ронандагон аз мо 200 сомонӣ мегирифтанд, ҳоло бошад, ба 300 сомонӣ ҳам розӣ намешаванд”, - мегӯяд яке аз моликони гармхона.

Дар саросари Тоҷикистон болоравии нархи сабзавот ба андозаи аз 0,1 то 3 сомонӣ ба мушоҳида мерасад. Масалан, тарбуз 1 сомонӣ - аз 3 то 4-5 сомонӣ барои 1 кило гарон шуд. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта картошка 1 сомонӣ қиматтар нарх дорад: 4-4,5 сомонӣ барои 1 кило.

Сарфи назар аз ваъдаи мақомот, сабзӣ арзон нашуда, мисли пешин бо нархи 7-9 сомонӣ барои 1 кило фурӯхта мешавад.

Нархи миёнаи бодинҷон (баклажан) дар саросари Тоҷикистон 2,5 сомонӣ, карам - 3-4, пиёз - 1,5, қаламфури булғорӣ - 5, қаламфур - 10 сомониро ташкил медиҳад.

Нархҳои баландтарин дар ВМКБ боқӣ мемонанд. Дар Хоруғ, тибқи иттилои Агроинформ. тҷ, бодиринг ва помидор на камтар аз 7 сомонӣ ва пиёз - 3-4 сомонӣ нарх доранд. Инро ба болоравии нархи хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ марбут медонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.