Азия-Плюс лоиҳаи махсуси  "Дастгирии ҳуқуқии соҳибкорон"-ро дар якҷоягӣ бо ширкати ҳуқуқии «Ҳимоя»  оғоз менамояд. Дар он ҳуқуқшиносони салоҳиятдор ба саволҳои соҳибкорони аллакай мавқеъдошта ё онҳое, ки мехоҳанд тиҷорати худро кушоянд, посух хоҳанд дод.

Ва ин аввалин мақолаи якуми мост, ки аз саволу ҷавбҳо иборат аст:

Ман як онлайн мағоза кушодам. Оё ман вазифадорам ҳангоми фурӯши мол тавассути интернет расид (чек) диҳам агар ман маблағи ин молро ба ҳамёни электронӣ ё тавассути хаткашон гирам?

- Бале. Мутобиқи қисми 1, моддаи 38 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ ҳангоми фурӯши мол, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо бо пули нақд, кортҳои пардохти бонкӣ, чопи чекҳо бо истифодаи ҳатмии мошинҳои назоратӣ хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва функсияҳои насбкунию интиқоли маълумот анҷом дода мешаванд”.  

Ҳангоми ба қайдгирии соҳибкори инфиродӣ ё Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд барои фаъолияти соҳибкори намудан суратҳисоби махсуси ҷорӣ кушодан зарур аст.

Истифода намудани ҳамёни электронии шахсӣ бо мақсади фаъолияти соҳибкорӣ манъ аст.

Барои ӯҳдадориҳои андоз кадом мӯҳлати даъво муқарар шудааст?

Мутобиқи қисми 1, моддаи 66 Кодекси андоз, “Мақомоти андоз метавонанд маблағи андози андозсупорандаро ҳисоб намоянд (иловагӣ ҳисоб намоянд), аз нав баррасӣ намоянд (ислоҳ намоянд) ва (ё) маблағи андози ҳисобшударо (иловагӣ ҳисобшударо, ислоҳшударо) дар давоми 5 соли баъди ба охир расидани соли тақвимӣ, ки давраи андози дахлдорро дар бар мегирад, ситонанд”.

Ҳамин тариқ, мӯҳлати даъвои андоз 5 солро дар бар мегирад.

Оё мақоми шахси ҳуқуқиро аз ҶДММ ба Соҳибкори инфиродӣ иваз кардан мумкин аст? Дар шароите, ки муассис ва директори ҶДММ як нафар бошад ва ӯ мехоҳад ҶДММ-и худро азнав бақайд гирифта ҳамчун соҳибкори инфиродӣ тибқи шаҳодатнома  сабт кунад?

- Не. Кодеси андоз гузариш аз Соҳибкори инфиродӣ ба шахси ҳуқуқиро иҷозат додааст, аммо бараксашро пешбини накардааст. Мутобиқи қисми 4, моддаи 290 Кодекси андози ҶТ “Соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунандае, ки даромади умумиашон дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз дувоздаҳ моҳи пурраи муттасили (пай дар пайи) тақвимии гузашта аз ҳадди даромад бештар гардидааст, уҳдадоранд ба низоми умумии андозбандӣ бо таъсис додани шахси ҳуқуқӣ гузаранд. Бо мақсади андозбандӣ уҳдадориҳои чунин соҳибкорони инфиродӣ ба шахси ҳуқуқии мазкур мегузаранд”.

Мумкин аст, ки ман якчанд патент барои намудҳои гуногуни фаъолият гирам ё танҳо ба як намуди фаъолият машғул шуда метавонам?

- Метавонед бо як патент ба якчанд намуди фаъолият машғул шавед танҳо бо пардохт намудани 20% аз дигар намуди фаъолиятҳои иловагӣ.

Ҳамин тариқ, мувофиқи Қоидаҳои андозбандӣ барои соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият мекунанд, ки бо қарори Ҳукумат таҳти №451 аз 31 августи соли 2012 тасдиқ шудааст омадааст: - “Дар ҳолате, ки соҳибкори инфиродӣ хоҳиши анҷом додани 2 ё зиёда аз он намудҳои фаъолияти дар Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ пешбинишударо дошта бошад (ё амалан анҷом дода истодааст), чунин соҳибкор 100 фоизи маблағи баландтарини патент барои фаъолияти интихобгардида пешбинишуда, инчунин 20 фоизи маблағи патент барои ҳар як дигар намудҳои фаъолияти интихобшуда месупорад”.

Мумкин аст, ки фаъолияти ҶДММ-ро муввақатан боз дорам ва бо гузашти як чанд вақт аз нав шурӯъ намоям?

- Қонунгузории Тоҷикистон боз доштани фаъолиятро пешбинӣ накардааст. Агар ширкат дар асл фаъолият накунад ва даромад надошта бошадҳам, шумо ҳисоботҳои худро ба мақомотҳои дахлдор саривақт пешниҳод менамоед.

Дар акси ҳол, метавонанд шуморо бо асосҳои умумӣ ба ҷавобгарӣ кашанд.

Метавонанд муассиси ҶДММ-ро баъд аз гузаронидани санҷиш аз ҷониби мақомоти андоз ва ё дигар мақомотҳои салоҳиятдор ба ҷавобгарӣ кашанд?

- Мувофиқи қисми 1, моддаи 94 Кодекси граждани ҶТ “Ҷамъияти аз ҷониби як ё якчанд шахс таъсисгардида ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд дониста мешавад, агар сармояи оинномавии он ба ҳиссаҳои баробар, ба андозаи муайяннамудаи ҳуҷҷатҳои таъсис тақсим шудааст. Иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд аз рӯи  ӯҳдадориҳои он масъулият надоранд ва зиени таваккали марбут ба фаъолияти ҷамъиятро дар доираи арзиши саҳми гузоштаашон бар дӯш доранд. 

Ҳамин тавр муассисони ҶДММ дар доираи саҳме, ки ба онҳо дар ин ҶДММ таълуқ дорад, ҷавобгар мебошанд.

Уҳдадориҳои ҶДММ-ро муассисон аз ҳисоби амволи шахсии худ иҷро намекунанд. Ин қоида амал намекунад, то вақте исбот нашавад, ки амали муассис боиси муфлисшавии ширкат шуда бошад.

Ба кадом муҳлат корманд метавонад бо хоҳиши худ рухсатии бемузд гирад, муҳлати аз ҳама зиёд барои чунин рухсати чӣ қадар аст (моҳ, 2 моҳ, 3моҳ...)?

- Барои гирифтани рухсатии меҳнатии бе музд Кодекси меҳнат ягон маҳдудиятро пешбинӣ накардааст чунин рухсатӣ дар мувофиқа бо корфармо амалӣ карда мешавад. Агар корфармо розӣ бошад, корманд метавонад ин рухсатиро бемуҳлат гирад. Аммо,  қисми 2 моддаи 116 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадории корфарморо дар мавриди рухсатии кормандон ба мӯҳлати муайян дар ҳолатҳои зерин муайян кадрдааст:

Рухсатии бемузди меҳнат мувофиқи аризаи корманд ба таври ҳатмӣ ба инҳо дода мешавад:

- ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ба нафақахӯроне, ки кор мекунанд - ҳар сол то 14 рӯзи тақвимӣ;

- ба падару модарон ва ҳамсарони хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар натиҷаи захм, контузия ё осебе, ки ҳангоми ҳимояи Ватан ва иҷрои вазифаи (мансаби) хизматӣ ба онҳо расидааст, ё дар натиҷаи бемории вобаста бо иштирокашон дар ҷанг ва муқовиматҳои сиёсӣ фавтидаанд - ҳар сол то 14 рӯзи тақвимӣ;

- ба маъюбоне, ки кор мекунанд - то 2 моҳ дар як сол;

- ба кормандон дар мавриди таваллуд шудани кӯдак, маросими бастани ақди никоҳ, вафоти хешовандон - то 7 рӯзи тақвимӣ;

- ба кормандоне, ки шахси бемори аъзои оиларо мувофиқи хулосаи тиббӣ нигоҳубин мекунанд (бе додани варақаи корношоямии меҳнатӣ ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он) - то 14 рӯзи тақвимӣ;

- ба кормандоне, ки мувофиқи хулосаи тиббӣ барои табобат роҳхати санаторӣ-курортӣ доранд, ки муҳлати он аз давомнокии рухсатии меҳнатӣ зиёд аст - ба муҳлати вақти нарасида (бо иловаи вақти рафтуомад), агар ҳамаи муҳлати рухсатии меҳнатӣ истифода шуда бошад, бо муҳлати пурраи роҳхат (бо иловаи вақти рафтуомад);

- ба кормандоне, ки барои супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ иҷозат дода шудаанд 10 рӯзи тақвимӣ, ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус - 15 рӯзи тақвимӣ, ғайр аз вақти рафтуомад ба маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ;

- ба шахсони ба аспирантура ва докторантура дохилшаванда ва бе ҷудошавӣ аз истеҳсолот таҳсилкунанда - барои вақти рафтуомад ба маҳалли ҷойгиршавии муассисаҳои мазкур дар давраи супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ва кори рисолавӣ;

- дар дигар ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд.

Корфармо метавонад кормандро аз кор озод намояд дар ҳолате, ки ҳаҷми кор аз рӯи оқибатҳои каронавирус хело кам шуда бошад?

- Шартномаи меҳнатиро бо мувофиқаи тарафҳо, агар корманд барои қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ розӣ бошад, қатъ кардан мумкин аст. Дар ҳолати баръакс метавон шартномаро дар шакли яктарафа вобаста ба ихтисор кардани штати корӣ қатъ кард.

Дар ҳолати ихтисор кардани штати корӣ зарур аст, ки 2 моҳ пеш аз кам кардани штати корӣ кормандро ба таври хаттӣ огоҳ намуда ба ӯ маоши 3 моҳаашро пардохт намоӣ.

Мувофиқи қисми 1, моддаи 169 кодекси Меҳнати ҶТ:

Ба кормандоне, ки бинобар ихтисор шудани воҳиди корӣ ё тағйир ёфтани шароити меҳнат аз ташкилот озод мегарданд, кафолатҳои зерин дода мешаванд:

- кумакпулии аз корравӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди миёнаи якмоҳа;

- нигоҳ доштани музди миёнаи якмоҳа дар давраи бо кор таъмин кардан дар давоми моҳи дуюм ва сеюми аз кор озод шудан бо қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, агар корманд дар муҳлати даҳ рӯзи баъди аз кор озод шудан сари вақт ба ин мақомот муроҷиат карда, бо кор таъмин нашуда бошад;

- ҳуқуқ барои як сол пеш аз муҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа баромадани шахсони синни нафақа, ки собиқаи меҳнатӣ доранд ва он барои аз рӯи сину сол ба нафақа баромадан ҳуқуқ медиҳад.

Саволҳои худро метавонед ба почтаи электронӣ: [email protected]; саҳифаи ширкат дар Facebook ва ё бо тариқи - «Viber», «WhatsApp» ва «Telegram» бо рақамҳои  +(992) 11111 88 11 равон кунед. Ё метавонед ба рақми +(992) 11111 88 11 занг занед.

Лоиҳаи "Дастгирии ҳуқуқии соҳибкорон пас аз пандемия - COVID -19!"

Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи дастгирии UNDP дар Тоҷикистон «Пешбурди воситаҳои рақамӣ барои барқарорсозӣ ва мутобиқшавӣ»  амалӣ мегардад.