Аз 13 то 15 октябр дар маҷмааи варзишии “Манеж”-и пойтахт Намоишгоҳ-ярмаркаи универсалии байнулмилалии “Тоҷикистон-2021. Тирамоҳ” баргузор мешавад.

Намоишгоҳ-ярмарка аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ созмон дода мешавад.

Дар намоишгоҳ-ярмарка ширкатҳои машғули фаъолият дар соҳаҳои хизматрасонӣ, саноат, сохтмон ва сайёҳӣ муаррифӣ мешаванд.

Касоне, ки аз ин чорабинӣ боздид мекунанд, метавонанд молу маҳсулоти хушсифат, аз ҷумла мебелу маҳсулоти хӯрокворӣ, сарулибос, матоъи абрешим – адрас ва атлавсти истеҳсорли Ӯзбекистон, маҳсулоти кимиёи маишӣ, маснуоти косибону ҳанармандони Тоҷикистонро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширкатҳое чун “Саноатсодиротбонк”, «Спитаменсуғурта», «Тоҷфилиз», «Строй-центр»,  «Файзи Расул», «Амирӣ», «Комбинати орди Душанбе», «Сиёма», «Исфарафуд», «САТН», «Ҷавонӣ» ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати Тоҷикистон ва Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба сифати шарикон дар баргузории намоишгоҳ саҳм мегузоранд.

Маросими ифтитоҳи Намоишгоҳ-ярмаркаи универсалии байнулмилалии “Тоҷикистон-2021. Тирамоҳ”  рӯзи 13 октябр соати 10:00 доир мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.