Давоми нӯҳ моҳи соли равон аз 688 корхонаи фаъоли саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон 103 корхона аз кор бозмондааст.
Дар ин бора ба “Азия – Плюс” аз намояндагии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ ба далели аз кор мондани ин корхонаҳо ба маблағи 63,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол нагардид.
Наргис Шамсиева, намояндаи Вазорат гуфт, бештар аз 60 корхона бар пайи кори мавсимӣ доштан ва набуди ашёи хом аз фаъолият бозмонданд.
“Боқимонда корхонаҳо бо сабаби рақобатпазир набудани маҳсулот, бинобар ивази ном ва давом доштани ҷараёни ба кор андохтани онҳо, ҷой доштани қарзҳо ва баҳсҳои амволӣ, фарсудашавии таҷҳизот, надоштани иҷозатнома, қатъи фаъолият ва идома доштани ҷараёни барҳамхӯрӣ, надоштани ҳавза барои гирифтани ашёи хом, таъмири таҷҳизот моҳҳои январ-сентябри соли 2021 кор накардан”,- мегӯяд Наргис Шамсиева.
Гуфта мешавад, ки дар ин давра 585 корхонаи саноатӣ фаълият бурда, ба маблағи 14,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 2 миллиард сомонӣ бештар буда, суръати рушд бо назардошти индекси нархҳо ба 131,1% баробар гаштааст.
Ба гуфти Наргис Шамсиева, дар баробари аз кор мондани ин қадар корхонаҳои саноатӣ давоми нӯҳ моҳ, 95 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 766 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.
“Ин корхонаҳо асосан дар бахши саноати сабук, кимё, масолеҳи бинокорӣ ва хӯрокворӣ маҳсулот истеҳсол мекунанд. Дар маҷмӯъ корхонаҳои саноатии вилояти Суғд 242 номгӯйи маҳсулот истеҳсол мекунанд”, - гуфт Шамсиева.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста