Вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар бовар доранд, ки бо бунёд ва  ба баҳрабардорӣ супурдани муҷтамеи агросаноатии парвариши чорвои калону паранда аз сӯйи ҶДММ “Мармарӣ” арзиши аслии маҳсулот -  гӯшт дар кишвар паст мешавад.

Чунин иддао имрӯз, 3 ноябр дар парлумони кишвар ҳангоми қабули созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати кишвар ва “Мармарӣ” барои сохтани ин муҷтамеъ дар кишвар садо дод.

Муҷтамеи чорводориву истеҳсоли гӯшти “Мармарӣ” яке аз корхонаҳои истеҳсоли гӯшт ва мурғпарварӣ дар кишвар аст, ки чанде пеш бо ҳузури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Ёвон ва Данғара мавриди истифода қарор гирифт.

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ зимни муаррифии созишномаи мазкур дар порлумон гуфт, “ташкили комплекси парвариши чорвои калони шохдор ва паррандапарварӣ дар ноҳияҳои Ёвон ва Данғара метавонад дар тақвияти ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон, ки дар марҳалаи гузариш ба иқтисоди агро-саноатӣ ба саноатӣ аграрӣ қарор дорад, муосидат намояд”.

Иттилоъ дода шуд, ки “Мармарӣ” тасмим гирифтааст, ин лоиҳаро дар ду марҳила татбиқ намояд. Ширкат барои татбиқи марҳалаи якум беш аз 25 млн доллари ИМА сармоягузорӣ менамояд. Ҳаҷми сармоягузории марҳалаи дуввум аз натиҷаи татбиқи марҳилаи якум вобастагӣ дорад.

- Талаботи бозори дохилӣ ба маҳсулоти гӯштӣ сол то сол афзун гардида, иқдоми пешгирифтаи ҶДММ “Мармарӣ” ҷиҳати таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ саривақтӣ арзёбӣ мегардад. Ин ширкат дар марҳалаи якум дар комплекси агросаноатии ноҳияи Ёвон 1055 тона гушт, 45 тонна зермаҳсулот, 3  ҳазор дона пӯст истеҳсол менамояд”, - иттилоъ дод Саъдӣ Қодирзода.
Сурат аз Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Вакили парлумони кишвар Сурайё Дўстмуродзода корхонаи “Мармарӣ”- ро яке аз ширкатҳои муваффақи ватанӣ арзёбӣ карда, гуфт,  татбиқи лоиҳаи созишномаи сармоягузории мазкур бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

- Татбиқи лоиҳаи мазкур ба рушди соҳаҳои зотпарварӣ, парандапарварӣ ва тавлиди маҳсулоти хушсифат бо истифода аз хатҳои технологии навтарин ва замонавӣ муосидат намуда, ба амалишавии ду ҳадафи стратегӣ: таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноаткунонии босуръат саҳм мегузорад.

Тайи чанд соли охир, қиммати гӯшт, ки яке аз маҳсулоти асосии дастархони тоҷикон аст, дар ҳоли афзоиш мебошад. Ҳоло як кг нархи он дар бозорҳои Душанбе аз 65 то 75 сомонӣ  арзиш дорад. Савдогарон  ҳамеша гаронии нархи хӯроки чорво ва худи чорворо сабаби асоии қимматии нархи гӯшт медонанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.