Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рӯйхати маҳсулоти озуқавориро чоп кард, ки ҷумҳурӣ эҳтиёҷоти дохилии худро бо онҳо пурра қонеъ гардонда метавонад.
«Иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда ба таъмини пурраи талаботи бозори дохилӣ ба орд, нон ва маҳсулоти нонӣ, макарон, маҳсулоти гӯшту шир, консервҳои сабзавоту меваҷот, намаки ошӣ, нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайримашруботӣ қодиранд”, - гуфта мешавад дар хабари Вазорат.
Дар Вазорат таъкид мекунанд, ки ҳиссаи саноати хӯрокворӣ дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 18,8% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҷумҳуриро ташкил додааст.
Ин афзоиш, тибқи маълумоти Вазорати саноат, асосан аз ҳисоби зиёд шудани истеҳсоли орд ба миқдори 100,1%, маҳсулоти ширӣ - 103,6%, маснуоти қаннодӣ - 231,5%, маснуоти макарон - 156,6%, равғани рустанӣ - 100%, оби ҷав (пиво) - 107,0%, нӯшокиҳои ғайримашруботӣ - 135,7%, сигарет -104,7%, гӯшти мурғ - 130,3% ва хӯроки омехтаи чорво (комбикорм) - 4,5 баробар сурат гирифтааст.
“Дар баробари афзоиши истеҳсол, ҳаҷми содироти маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили сабзавоту меваҷоти консервшуда, нӯшокиҳои ғайримашруботӣ, маснуоти қаннодӣ, орд, хушкмева ва сабзавот ба кишварҳои ИДМ, инчунин ИМА низ зиёд шуд”, - зикр мегардад дар маълумоти Вазорати саноат.
Гуфта мешавад, маблағи умумии маҳсулоти озуқавории ба хориҷи кишвар содиршуда зиёда аз 13,5 млн долларро ташкил додааст.
“Афзоиши ҳаҷми содирот асосан аз ҳисоби сабзавоту меваҷоти консервшуда ба андозаи 2,5 баробар, орд - 5 баробар, хушкмева - 179% ба амал омад”, - таъкид мекунанд дар Вазорат.
Ҳоло имконияту воқеият мувофиқ нестанд
Нон маҳсулоти муҳимтарини хӯрокворӣ дар Тоҷикистон буда, сокинони ҷумҳурӣ онро хеле зиёд истеъмол мекунанд.
Талаботи кишвар ба орд дар як сол тақрибан 1 млн тонна арзёбӣ мешавад.
Бино ба маълумоти Агентии омор, давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2021 ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар ҳудуди 38 ҳазор тонна орд ва 693 ҳазор тонна гандум ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 воридоти орд 57% кам шуда, воридоти гандум бошад, баръакс - 6,8% афзудааст.
Ҳиссаи орду гандум дар ҳаҷми умумии воридоти Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли равон 6%-ро ташкил додааст.
Тӯли 9 моҳи ҳамин сол дар дохили кишвар 854 ҳазор тонна гандум истеҳсол шудааст, ки 0,9% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад.
Қобили зикр аст, ки нархи чаканаи орд дар кишвар аз оғози соли ҷорӣ ба андозаи 1,7% боло рафт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста