Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба пардохти ҷубронпулиҳои суғуртавӣ ба амонатгузорони “Кафолатбонк” оғоз намуд.

Иҷозатномаи фаъолияти ин бонк бо сармояи эронӣ бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 27 октябри соли равон бо “сабабҳои асоснок” бозхонд карда шуд. Дар бораи ҷузъиёти мушаххас маълумот дода нашуда буд.

Тавре дар сомонаи Хазина иттилоъ дода мешавад, ҷубронпулиҳои суғуртавӣ ба амонатгузорони ин бонк шурӯъ аз аз 19 ноябр дар саридораи ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” пардохт мешаванд.

Гуфта мешавад, маблағи ҳадди ниҳоии ҷубронпулии суғурта, ки қонунгузории амалкунанда муайян кардааст, барои пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 30 ҳазор сомонӣ ва барои пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 21 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Хотиррасон мешавад, ки агар як пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ ду ва ё зиёда суратҳисоби пасандозӣ дошта бошад, ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоб дониста шуда, ҷубронпулии суғурта аз рӯи онҳо дар ҳаҷми на зиёда аз андозаи муқаррарнамудаи қонун пардохт карда мешавад.

“Маблағи боқимондаи пасандозҳо дар раванди барҳамдиҳӣ аз ҷониби барҳамдиҳандаи ташкилоти қарзӣ тибқи тартиби дар қонунгузорӣ муқарраршуда пардохт хоҳад шуд”, - таъкид мешавад дар хабар.

Ҳамчунин гуфта мешавад, пасандоздорон метавонанд, маблағи ҷубронпулиро аз бонк-агент тариқи нақдӣ ё ғайринақдӣ бо роҳи интиқол ба суратҳисоби бонкие, ки дар аризаашон нишон додаанд, дастрас намоянд.

“Ҷубронпулии суғурта бо пули миллӣ – сомонӣ пардохт карда мешавад. Пасандозҳое, ки бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ аз рӯи қурби расмии дар рӯзи ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқарраршуда ҷуброн карда мешаванд”, - илова мешавад дар хабар.

Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, бастаи назоратии саҳмияҳои “Кафолатбонк” (92%) ба ҶДММ “Сармоябонк”-и Эрон тааллуқ дорад.

Дар навбати худ “Кафолатбонк” бастаи пурраи саҳмияҳои корхонаи истеҳсолии “Файзи Истиқлол-2011” (100%) ва бастаи назоратии саҳмияҳои корхонаи “Ширкати сохтмонии Рӯдакӣ “(65%)-ро дар ихтиёр дорад.

Ҳаҷми сармояи оинномавии “Кафолатбонк” аз ҷониби Бонки миллӣ ҳудуди 124 млн сомонӣ (зиёда аз 11 млн доллар) зикр шудааст.

“Кафолатбонк” сеюмин бонкест дар Тоҷикистон, ки иҷозатномаҳояшон дар давоми соли ҷорӣ бозхонд карда шуд.

То ин дам дар моҳи май Бонки миллӣ иҷозатномаҳои “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро бозхонд карда буд.

Қобили зикр аст, ки пас аз бозхонди иҷозатномаи фаъолияти “Кафолатбонк” дар Тоҷикистон 14 бонк боқӣ монд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.