Субҳи имрӯз, 24 ноябр вакилони парлумони Тоҷикистон қонуни буҷаи соли 2022 - ро бе баҳсу баррасии зиёд пазируфтанд. Тибқи қонуни мазкур ҳаҷми даромади буҷаи соли оянда 33 млрд сомонӣ ва қисми хароҷоти он 33,6 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми буҷаи соли оянда дар муқоиса бо даромади буҷети имсола беш аз  19 дарсад ё панҷ миллиард сомонӣ зиёд аст. Дар чанд соли охир бори аввал аст, ки буҷа якбора 5 млрд сомонӣ зиёд шуд.

Буҷаи давлатии Тоҷикистон ҳамасола аз ҳисоби андоз ва пардохтҳои гумрукӣ пур карда мешавад. Ин аст, ки соҳибкорон аз сарбории гарони андоз шикоят мекунанд. Ҳамасола зиёд шудани буҷа, ба гуфтаи мутахассисон, ин сарбориро бештар мекунад.

Бо ин вуҷуд, вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар назди вакилон гуфт, 21,9 млрд сомонӣ ё 70 фоизи буҷа дар соли 2022 бояд аз ҳисоби воридоти андоз ва боҷи гумрукӣ ҷамъ шавад.

Гуфта шуд, ки дар соли 2023 ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ ба маблағи 37,2 млрд сомонӣ ва дар соли 2024 –ум 40,4 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон, ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2023  ба маблағи  37,7 млрд сомонӣ ва дар соли 2024 дар доираи 41 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Панҷ миллиард сомонии иловагӣ аз куҷо ҷамъ мешавад?

Рустам Раҳматзода
Дафтари матбуоти порлумон

Вакили парлумон Рустам Раҳматзода дар мавриди иҷрошавии буҷет дар соли 2022 гуфт, имсол вазорати молияи Тоҷикистон дар қабули буҷет бори аввал асосноккунии онро таъмин намудааст.

- Мисол чанд моддае ки ворид мешаваду буҷетро ташаккул медиҳанд, аллакай мушаххас шудаанд. Маблағҳои махсус барои соли оянда аллакай ҳисобу китоб шудааст ва онҳо пурра иҷро мегарданд. Лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба нақша грифта, аллакай шартномаҳо баст шудааст. Грантҳое ки барои дастгирии буҷет пешбинӣ шудааст аз он шаҳодат медиҳад, ки Вазорати молияи Тоҷикистон бори аввал дар асосноккунии даромади буҷет шартномаҳоро баста, қисми зиёди онро аллакай асоснок намудааст, гуфт ӯ.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва роҳбари ҲДТ гуфт,  буҷа дар асоси имконоти дурнамои иҷтимоиву иқтисодии кишвар таҳия мегардад.

- Имкониатҳои кишваре мо ба андозае аст, ки буҷа таҳия мешавад, - гуфт ӯ.

Вакил: “Ба кишоварзон имтиёз диҳед”

Вакилони парлумони Тоҷикистон зимни қабули қонуни буҷет баҳси зиёд накарданд, вале танҳо чанд пешниҳод ироа карданд.

Мирзоанвар Ахмедов, вакил ва муовини раиси Ҳизби аграрӣ пешниҳод кард, ки ба воридоти нуриҳои менералӣ ва беҳтар кардани ҳолати мелеративии заминҳои кишоварзӣ имтиёзот дода шавад.

- Ба инобат гирифтани ҳалли масъалаҳои додани имтиёз барои воридоти нуриҳои минералиро мувофиқи мақсад мешуморам. Умед дорем, ки пас аз ба фаъолият оғоз намудани корхонаи нуриҳои менералии Вахш пастравии нархи он ба миён меояд. Бо сабабҳои гуногун корхонаи  мазкур ҳоло ба фаъаолият шурӯъ накардааст. Аз ин лиҳоз кишоварзони мамалкат дархост доранд, ки масъалае додани имтиёз андоз дар сурати барзиёд иҷро шудани буҷаи соли 2022 мавриди баррасӣ қарор дода шавад, - гуфт Ахмедов.

Мирзоанвар Ахмедов
Дафтари матбуоти порлумон

Имсол мақомот кишоварзонро аз пардохти андози ягонаи замин озод карда буданд, вале ин имтиёз барои соли 2021 буд ва мақомот дар бораи дароз кардани муҳлати он дар соли оянда чизе нагуфтанд.

“Маоши кормандони Институти забонро баланд кунед”

Саидҷаъфар Усмонзода, вакил ва раиси Ҳизби демократ, аз вазири молия хост, аз ҳисоби даромадҳои иловагии буҷа бинои Институти забон ва адабиёт таъмир карда шуда, маоши кормандон афзоиш дода шавад.

- Бинои Институт дар ҳолати садамавӣ аст ва маблағҳое ки кормандони он мегиранд, ба сатҳи онҳо намерасад. Хоҳиш мекардам аз қимси даромадҳои иловагӣ ба ин соҳа маблағгузорӣ карда шавад ва Вазорати маориф ҳам ба ин масъала расидагӣ кунанд,- гуфт Усмонзода.

Саидҷаъфар Усмонзода
Дафтари матбуоти порлумон

Оё дар соли 2022 ҳаҷми маош ва нафақа баланд мешавад?

Файзиддин Қаҳҳорзода баъди ҷаласаи парлумон дар ҳузури рӯзноманигорон дар мавриди болоравии ҳаҷми маош дар тарҳи буҷети соли оянда гуфт, дар сурати қабул гардидани чунин иқдомот аз ҷониби ҳукумат онҳо имконият доранд, аз буҷети давлатӣ маблағҳои заруриро равона кунанд.

Тӯли чанд сол аст, ки вакилони парлумон дар доираи созишнома байни ҳукумат ва сармоягзуор ширкатҳову муассисаҳои мухталифро аз пардохтҳои гумрукиву андоз озод месозад. Ин дар ҳолест, то 70 дар сади бахши даромади буҷетро пардохтҳои андоз ташкил медиҳанд.

Чанде пештар вакили парлумон Саиҷаъфар Усмонзода ба масъулин пешниҳод намуд, ки азбаски вазъияти пандемия беҳтар шудааст, бархе имтиёзоти андозии корхона ва ширктаҳои алоҳида бозбинӣ карда шавад.

Вале вазири молия гуфт, ин чиз ғайриимкон аст, чунки он бо қарори ҳукумат ва созишнома байни ҳукумату сармоягузор дода мешавад ва тағйир додани созишномаҳо ба фазои соҳибкории мамлакат таъсири манфӣ мерасонад.

- Дар Кодекси нави андоз масъалаи пешниҳоди имтиёзи андозӣ тартиби нав пешниҳод шуд ва тибқи он аввал самаранокии имтиёзҳо баррасӣ мешавад ва баъд ба ин  ё он соҳа имтиёзҳои андозӣ пешниҳод мегардад,- гуфт Қаҳҳорзода.

Вазири молия: Додани имтиёзи андозӣ ҷойҳои нави корӣ месозад

Номбурда гуфт, ки агар созишномаҳо дар муҳлатҳои муайяншуда анҷом ёбанд, имконият медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад.

Файзиддин Қаҳҳорзода
Дафтари матбуоти порлумон

- Бо анҷом ёфтани муҳлати созишномаҳо ҳамаи объектҳое ки сохта мешаванд, корхонаҳое ки ба фаъолият шурӯъ мекунанд, манбаъҳое ҳастанд, ки баъдан андозбандӣ мешаванд,- гуфт ӯ.

Қаҳҳорзода дар бораи ҳаҷми имтиёзоте ки дар қонуни буҷаи соли 2022 пешбинӣ шудааст, рақами мушаххас нагуфт, танҳо илова кард, ки вақте воридотҳои пурра анҷом дода мешавад, баъдан  ҳаҷми маблағи имтиёзот маълу мешаад.

Дар ҷаласаи парлумон гуфта шуд, ки дар буҷаи соли 2022 ҳам хусусияти иҷтимоии он нигоҳ дошта шуда, 14,7 млрд сомонӣ ҷудо шудааст, ки 43,8% буҷаро дар бар мегирад. Аз ин ҳисоб барои маблағгузории соҳаи маориф 6,3 млрд сомонӣ, тандурустӣ 2,9 млрд сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 4,3 млрд сомонӣ ва фарҳангу варзиш 1,2 млрд сомонӣ бояд масраф шавад.

Дар буҷаи соли оянда 3,2 миллиард сомонӣ, аз ҷумла қарзи асосӣ 2,2 млрд сомонӣ  ва фоизҳои он 1 млрд сомонӣ барои пардохти қарзи хориҷии кишвар пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.