Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндагони Ширкати «Living Tree Co. , Ltd»-и Ҷумҳурии Корея мулоқот анҷом дод, ки дар он масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт мавриди муҳокима қарор гирифт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, зимни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногун дар соҳаи нақлиёт дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар бунёди марказҳои байналмилалии логистикӣ ҳамкорӣ кунанд.
Ҳамчунин ҷонибҳо зикр карданд, ки дар сохтмони роҳи оҳан, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар Тоҷикистон ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ монда, дар оянда доираи ҳамкорӣ метавонад дар татбиқи лоиҳаҳои дигар низ густариш ёбад.
Гуфта мешавад, сипас оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Ширкати «Living Tree Co. Ltd»-и Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Ёдрас мекунем, ки дар доираи 14-умин Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея”, ки 30 ноябр доир гардид, як ҳайати тоҷирони Ҷумҳурии Корея ба Тоҷикистон ташриф овард.
Дар доираи кори форум дидору гуфтушунидҳои тоҷирон, чор ҷаласаи мавзӯӣ дар соҳаҳои хоҷагии ҷангал, тандурустӣ ва рақамисозӣ баргузор шуд.
Тоҷикистон раёсати худро дар Форум ба поён расонида, ба ихтиёри Ҷумҳурии Корея супурд.
Қобили зикр аст, ки иқдоми ташкили Форум аз ҷониби Корея бо мақсади тақвияти талошҳо баҳри густариш ва таҳкими робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод гардида буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста