Интизор меравад, ки дар Тоҷикистон шумораи мақомоти санҷишгар аз 26 ба 22 кам карда шаванд. Дар ин бора имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти санҷишӣ, ки таҳти раёсати муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид баргузор шудааст, таъкид шудааст.

Давлаталӣ Саид гуфтааст, ки дар Тоҷикистон барои ислоҳоти бештар дар бахши санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор лоиҳаи сандаи меъёриву ҳуқуқие омода шудааст, ки дар баррасии ҳукумат қарор дорад.

Дар сурати пазируфта шудани ин лоиҳа аз сӯйи ҳукумат, теъдоди мақомоти санҷишгар дар Тоҷикистон аз 26-тои кунунӣ ба 22 ниҳод кам карда мешаванд.

Бино ба иттилои хабаргузории давлатии "Ховар" дар ҷаласаи ин шӯро гуфта шудааст, ки тибқи ин лоиҳа минбаъд барои "танзими фаъолияти назоративу санҷишии мақомоти давлатӣ баҳри аз байн бурдани ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти соҳибкорону сармоягузорон якҷо бо вазорату идораҳои марбута мунтазам тадбирҳо андешида, бо назардошти таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амаликунандаи ҷумҳурӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ", он таҳия шудааст.

Дар Тоҷикистон, аз ин пештар теъдоди мақомоти санҷишгар 31 ниҳод буд, ки бо тавсия ва интиқоди созмонҳои байналмилалӣ ба 26-то кам карда шуда буданд. 

Дар Тоҷикистон мақомоти санҷишӣ нақшаҳои санҷиши субъектҳоро бо Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти санҷишӣ, ки раҳбарияшро муовини сарвазир  ба дӯш дорад мувофиқа мекунанд. 

Аз ҷумла дар соли 2021 дар мувофиқа бо ин Шӯро аз сӯйи ҳамаи мақомоти санҷишӣ 41,3 ҳазор санҷиш гузаронида шудааст, ки назар ба санҷишҳои солҳои пешин, аз ҷумла соли 2020 2,4 ҳазор, соли 2019 зиёда аз 6,7 ҳазор, соли 2018 тақрибан 14 ҳазор ва нисбат ба соли 2017 беш аз 30,6 ҳазор санҷиш кам будааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.