Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон 7,5%-ро ташкил дод, гуфта мешавад дар гузориши Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти манбаъ, нархи маҳсулоти ғизоӣ ба миқдори 6,6%, маҳсулоти ғайриозуқа - 6,9% ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ - 11,5% боло рафт.

Маҳсулоти озуқаворӣ:

- сабзавот – 14,4%;

- равған ва чарбуҳо – 21,4%;

- маҳсулоти гӯштӣ – 16,3%;

- маснуоти нонӣ ва ярма (крупа) – 4,0%.

Маҳсулоти ғайриозуқа:

- бензин – 1,8 баробар;

- гази моеъ – 1,7 баробар;

- сӯзишвории дизелӣ (солярка) – 1,7 баробар;

- маводи шустушӯйӣ – 3,1%.

Хизматрасониҳои пулакӣ:

- роҳкирои микроавтобус (маршрутка) – 45,0%;

- роҳкирои автобуси шаҳрӣ – 17,9%;

- хизматрасониии тарабхона ва меҳмонхонаҳо – 3,7%.

Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст. Дар соли 2020 низ аз ҳамин сатҳи таваррум интизорӣ мерафт. Аммо аз рӯи натиҷаҳои сол сатҳи рекордии таваррум тайи даҳ соли ахир - 9,4% ба қайд гирифта шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.