Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар дастур дод, ки дар соли 2022 суръати рушди иқтисоди кишварро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин кунад.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар маҷлиси васеи ҳукумат рӯзи 20 январ президент зикр кард, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои муайяншуда, барои ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, татбиқи «иқтисоди сабз» ва дар соли 2022 дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намудани суръати рушди иқтисоди кишвар бояд тамоми иқтидору имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода гарданд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2021 зикр кард, ки “сарфи назар аз вазъияти мураккаб бинобар паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19, ки вазъияти молиявии давлатҳои ҳамшарики тиҷоратӣ ва воридоти молу маҳсулотро маҳдуд намуд, соли 2021 тамоюли рушди гардиши савдои хориҷӣ таъмин гардида, тадбирҳои андешидаи ҳукумати мамлакат имконият фароҳам овард, ки дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2020 - 39,5 фоиз афзоиш ёбад”.
Ба гуфтаи ӯ, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 98,9 млрд сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 9,2 фоизро ташкил намуд.
Бахшҳои асосие, ки ба рушди иқтисод дар соли гузашта мусоидат намуданд, чун солҳои пешин бахши кишоварзӣ ва саноат маҳсуб меёбад, ки зиёда аз 40%-и ММД-кишварро таъмин карданд.
Агар ба рақамҳои расмӣ бовар кунем, соли гузашта Тоҷикистон ба рушди баландтарини иқтисод пас аз соли 20004 (10,3%) даст ёфт.
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши нави худ, ки ҳафтаи гузашта нашр шуд, коҳиши иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2022 то 5,5% ва дар соли 2023 - то 4,5% пешгӯӣ мекунанд.
Таҳлилгарони Бонки Ҷаҳонӣ тақвияти ташаннуҷи геополитикӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла эҳтимоли “шиддати низоъ дар Украина ё миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон”-ро аз эҳтимол дур намедонанд, ки метавонад ба бозори молиявии минтақа фишор оварад.
Пешгӯии коршиносони Бонки авруосиёии рушд нисбатан хушбинона буда, рушди иқтисоди ҷумҳуриро дар соли равон дар сатҳи 7,9% пешбинӣ мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон мулоқот кард
Ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва "Настояшее Время" пас аз суҳбат бо Улфатхонум Мамадшоева
Оббандии Қирғизистон қулфинайро дар Овчӣ-Қалачаи Суғд пастсифату гаронарзиш кард
Тоҷикистону Миср мехоҳанд дар бахши хадамоти авиатсияи гражданӣ корхона таъсис диҳанд
Байни Душанбе ва Қазон хатсайри нави ҳавоӣ роҳандозӣ мешавад
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли паҳпод ё тайёраҳои бесарнишини эронӣ сохта шуд
Боздошти як сокини ноҳияи Восеъ дар Хуҷанд бо гумони ғорати кардани хонаи яке аз сокинон
Дар Ӯзбекистон боз мехоҳанд Конститутсияро тағйир диҳанд
Дар Ереван низ беш аз 90 ширкаткунандаи раҳпаймоиҳои мухолифинро боздошт кардаанд
Изҳороти "Азия-Плюс" дар мавриди вазъи ВМКБ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста