Арзиши билетҳои ҳавопаймо дар Тоҷикистон барои сафар ба Русия ҳанӯз ҳам “дар баландиҳои парвозгаҳи парандагон” мондаанд, ки ҳеҷ намехоҳанд ба замин фуруд оянд. Ҳарчанд Оҷонсии ҳавонавардии мулкии кишвар ваъда дода буд, ки бо беасос боло бурдани  арзиши билетҳо мубориза мебарад, вале  ба назар мерасад, ки талошҳои онҳо ба натиҷае нарасид ё мешавад гуфт, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ ин ниҳодро эътироф намекунанд.

Бар асоси иттилои дарёфтӣ аз хазинаҳои биллетфурӯшии Душанбе, арзиши билет ба шаҳрҳои гуногуни Русия аз фурӯдгоҳҳои Тоҷикистон то фаро расидани соли нави мелодӣ 2,5 ҳазор сомонӣ ($220) буд, аммо ҳоло 8 ҳазор сомонӣ ($707) аст.

“Барои намуна, арзиши билети хатсайри Душанбе-Маскав барои рӯзи 4-уми март, ки ширкати “Сомон-Эйр” анҷом медиҳад, 8 ҳазору 445 сомонӣ аст. Дар маҷмуъ ҳамаи парвозҳои ин ширкат дар моҳи март барои мусофирон аз 8 ҳазор сомонӣ камтар нарх надоранд. Манзараи мушобеҳро дар ширкати русии «Уральские авиалинии»  ҳам мешавад мушоҳида кард. Билетҳои ин ширкат ҳам аз 7 ҳазор сомонӣ болотар арзиш доранд”,- гуфтанд дар хазинаи билетфурӯшӣ.

Талоши бенатиҷаи мақомоти ҳавонавардӣ

Ҳарчанд пас аз боло рафтани арзиши билетҳо, мақомоти ҳавонавардӣ, ҳануз дар миёнаҳои моҳи январ ба мудирони ширкатҳои русӣ мактуби расмӣ фиристода буданду талаб карда буданд, ки нарх фавран пойин оварда шавад. Онҳо дар мактуб боло рафтани нархҳоро беасос дониста буданд. Вале бо гузашти  як моҳу бештар аз ин, вазъ бидуни тағйир боқӣ мондааст. Аммо 17-уми феврал Оҷонсии ҳавонавардӣ ба ширкатҳои ҳавонавардӣ такроран мактуб фиристод ва талаб кард, ки аз ин ба баъд нархи билетҳо бояд бо ин ниҳод мувофиқа шаванд.

“Мувофиқи банди 3-и моддаи 6 “Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ҳамлу нақли ҳавоӣ” ҶСК Ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии” дар баробари додани дархост, бояд таърифаҳои ҷоришуда барои ҳар хатсайрро барои таъйид ба мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон пешниҳод кунад”, - гуфта мешавад дар мактуби оҷонсӣ.

Дар мактуб, оҷонсӣ ҳушдор медиҳад, ки аз ин ба баъд ҳамаи хатсайрҳои дархостшаванда барои мавсими Тобистон-2022 танҳо пас аз аз он баррасӣ мешаванд, ки таърифаҳои таъиншуда барои хатсайрҳои мазкур низ пешниҳод шаванд.

Оҷонсӣ, он замон пас аз гузаронидани як таҳлили бозор, барои ширкатҳои ҳадди ниҳоии арзиши билетҳоро 500 доллар барои ҳар ду тараф таъин карда буд. Аммо то кунун нархи билет дар масири Маскав  болотар аз 8 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст.

Фурудгоҳи Душанбе

Ҳамин ки мавсим тамом шуд, нархҳо арзон мешаванд

Намояндаи яке аз ширкатҳо, ки нахост аз ӯ ном бибарем, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки боло ё пойин рафтани арзиши билетҳо аз мавсими сафари мусофирон вобастагӣ дорад. Ҳар вақт, ки мавсим ба охир расид, вазъи нархҳо муътадил мешавад.  Ба гуфтаи ӯ, вазъи арзиши билетҳо аллакай аз миёнаҳои моҳи март ба эътидол омадан мегирад ва то 50% пойин меравад.

“Дар кишвари мо нархи билетҳоро ширкатҳои мусофирбар муайян мекунанд, зеро онҳо бар асоси хароҷоташон таърифаҳоро муайян мекунанд. Бо дар назар гирифтани ин, ширкатҳои ҳавопаймоӣ бар инанд, ки ҳатто агар фоида ҳам нагиранд, талош мекунанд, ки зарар набинанд”,-мегӯяд ин намоянда.

- Барои мисол, ҳоло ҳавопаймоҳо аз ин сӯ 90 дар сад пур парвоз мекунанд, вале аз он ҷо ҳамагӣ 20 дар сад мусофир доранд. Худатон муайян кунед, хароҷоти дутарафа доранд, яъне аз ин ҷо пур мераванду аз он ҷо холӣ меоянд. Яъне як самти парвоз бояд хароҷоти самти дигари парвозро бипӯшонад”.

Дар мавриди мактуби Оҷонсии ҳавонавардӣ ин намояндаи ширкат мегӯяд, ки ин мактуб дар ҳоли баррасист.

“Албатта, мо наметавонем ин мактубро сарфи назар кунем, зеро ин ниҳод раҳбарии ҳамаи парвозҳои Тоҷикистонро ба дӯш дорад. Дар ҳоли ҳозир мо ин мактубро баррасӣ карда истодаем. Гумон мекунам, ки мо бо онҳо забон меёбем ва нархҳоро пойин мебарем. Ҳоло мо вазифадор шудаем, ки барои ҳар парвозе, ки дархост мекунем, арзиши билетҳоро низ зикр кунем. Мо дарк мекунем, ки барои мардуми мо ҳам вазнин аст ва бо дар назар гирифтани ин, ҳамаи кори имконпазирро мекунем, ки ҳам барои шаҳрвандон ва ҳам барои ширкатҳои мо мувофиқ бошад”,- мегӯяд намоянда.

Нархи билетҳо бе огоҳ шудани мақомоти ҳавонавардӣ маълум мешаванд, аммо

Ширкати "Уральские авиалинии", ки бештарини парвозҳоро дар Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Бар асоси Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи ҳамлу нақли ҳавоӣ, мо хостем дақиқ кунем, ки ҳаққи таъин кардани таърифа/нархҳо марбути кӣ мешавад. Пас аз омӯзишҳо дақиқ шуд, ки ин ҳаққи ширкатҳои ҳавопаймоист.

Пас аз дарёфти матни созишнома ба раҳбари ширкати ҳуқуқии “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев муроҷиат кардем, ки моддаи 6-и ин созишномаро, ки нархҳоро танзим мекунад, тафсир кунад.

“Таърифаҳои ҳамлу нақли ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия бар асоси моддаи 6-и ин созишнома танзим мешавад, ки моҳи сентябри соли 1997 дар Маскав ба имзо расидааст ва ҳукумати Тоҷикистон онро 20-уми феврали соли 2001 таъйид кардааст.

Мувофиқи банди 2-и моддаи 6 таърифаҳое, ки дар банди 1 ин модда зикр шудаанд ва ҳамчунин ҳаққи комиссионии агент аз ин таърифаҳо, бояд аз рӯйи имконот миёни ширкатҳои ҳавопаймоии тарафҳои мувофиқакарда, баъди машварат бо дигар ширкатҳои ҳавонавардие, ки тамоми парвозҳо ё қисме аз онҳоро дар ин масир анҷом медиҳанд, муайян шавад.

Банди 3 ин модда “Ба ҳамин тартиб барои мувофиқа таърифҳо ба мақомоти ҳавонавардии ҳар ду тараф пешниҳод мешаванд”.

Ба ҳамин тартиб, таърифаҳоро ширкатҳои ҳамлу нақл дар мувофиқа бо ширкатҳои ҳавопаймоии ҷониби дигар бо тасдиқи ҳатмии мақомоти ҳавонавардии ҳар ду ҷониб, муайян мекунанд”, - шарҳ дод Наврӯз Оинаев.

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати сар задани баҳсҳо ё ҳал нашудани ин гуна баҳсҳо, бар асоси банди 2 моддаи 18 ин созишнома, баҳсҳо ба василаи равобити димломатӣ ҳал карда мешаванд.

Ба гуфтаи ин ҳуқуқшинос, ҳеҷ таърифа ҳаққи эътибори расмӣ пайдо карданро надорад, агар онро мақомоти ҳавонавардии ҳар ду тараф таъйид накарда бошанд.

 Фақат пул кор мекунанд

Як мутахассисе, ки бештар аз 10 сол дар сатҳи раҳбарии бахши ҳавонавардии кишвар кор кардааст ва ба далоили амниятӣ нахост аз ӯ ном барем, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки набояд сабаби боло рафтани нархи билетҳоро кофтукоб кунем. Ин ҷо ягон сабабе вуҷуд надорад, фақат пул кор мекунанд.

“Инро ягон хел тавҷеҳ додан намешавад, фақат мешавад гуфт, ки онҳо фақат пул кор мекунанду халос. Агар хоҳанд, дарҳол нархҳо арзон мешаванд. Агар билетҳоро 350 ё 400 доллар таъин кунанд, даромадашон дар сатҳи 20-30% мемонад, аммо дар ҳоли ҳозир беш аз 50% даромад доранд”,-мегӯяд коршинос.

Ин коршинос мегӯяд, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон миёни худ нархи билетҳоро муайян мекунанд ва онҳоро бар асоси таърифаҳои мувофиқашуда мефурӯшанд. Агар онҳо инро накунанд, нархи билетҳояшон тавофути ҷиддӣ метавонад дошта бошад. “Агар ширкати “Сомон-Эйр” нархро 350 доллар муайян кунад, пас фардо ширкатҳои русӣ ҳам нархро пойин меоранд.  Ширкати ватании “Сомон Эйр” имкон дорад нархҳоро пойин биорад ва боз ҳам фоида бигирад, зеро дар ҳамаи фурудгоҳҳои Тоҷикистон имтиёз дорад. Мешавад гуфт, ки ин ширкат барои 85 дар сади хидматрасониҳояш имтиёз дорад”, - гуфт коршиноси мо.
Ширкати "Сомон-Эйр" ягона ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, ки хусусист ва монополисти бозори ҳавонавардии кишвар маҳсуб мешавад ва аз имтиёзҳои фаровоне бархӯрдор аст.

Ин мутахассис мегӯяд, ки ширкати ҳавопаймоии давлатии "Тоҷик-Эйр" ҳамин ҳоло мустақиман метавонад, ки парвозҳояшро оғоз кунад, вале имкониат намедиҳанд"

Ӯ мегӯяд, ки ширкати миллии ҳамлу нақли ҳавоии Тоҷикистон бояд ширкати «Уральские авиалинии»-ро ҳисоб кунем, ки беш аз 80% парвозҳоро дар Тоҷикистон анҷом медиҳад. 

Бо дар назар гирифтани далелҳои боло, мешавад гуфт, ки Оҷонсии ҳавонавардии кишвар салоҳияте дорад, ки ширкатҳоро маҷбур кунад, то нархи билетҳоро пойин биоварад, вале чаро ширкатҳои ҳавопаймоӣ ин талабро иҷро намекунанд, сиррест, ки мо намедонем. Шумо чӣ фикр доред, чаро онҳо ин оҷонсиро ба назар намегиранд?

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.