Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо мақсади коҳиш додани фишорҳои қурбӣ дар бозори дохилии асъор, пешгирӣ намудани лапишҳои аз ҳад зиёди қурбӣ ва фарқияти зиёд байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии долларро анҷом дод.

Бино ба маълумоти шуъбаи матбуоти БМТ, қурби расмии доллар нисбат ба сомонӣ рӯзи 9 март якбора ба андозаи 15% тағйир дода шуд.

Мувофиқи қурби нав, 1 доллар 13 сомонӣ нарх дорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 8 март 1 доллар ба 11,30 сомонӣ баробар буд.

Дар шарҳи БМТ гуфта мешавад, аз аввали соли 2022 қурби расмии доллар нисбат ба пули миллӣ дар сатҳи 11,30 сомонӣ боқӣ монда, аз санаи 8.03.2022 фарқият байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақд дар бозори ғайрирасмӣ то ба 15,9 фоиз мушоҳида гардид.

“Сабабҳои асосии зиёд шудани фарқият байни қурби расмии доллар нисбати пули миллӣ ва фурӯши доллари нақд дар бозори ғайрирасмӣ, ин зиёд шудани талабот ба доллар, коҳиш ёфтани пешниҳоди асъор дар бозори байнибонкӣ, зиёд гардидани талабот ба асъори хориҷӣ аз ҷониби воридкунандагони молҳои ниёзи аввалия, коҳиш ёфтани вуруди интиқолҳои пулӣ ва боқӣ мондани тавозуни манфии савдои кишвар ва дигар омилҳо мебошанд”, - омадааст дар шарҳи Бонки миллии кишвар.

Зикр мешавад, ки ҳамзамон, дар баробари анҷомдиҳии тасҳеҳи қурбӣ тасмим гирифта шудааст, ки бо мақсади қонеъ намудани талаботи норасоии асъор дар бозори байнибонкӣ мудохилаи (интервенсия) асъорӣ анҷом дода шавад.

“Дар раванди анҷомдиҳии мудохилаи асъорӣ афзалияти аввалиндараҷа, ба дархости воридкунандагони молҳои ниёзи аввалия дода шуда, зина ба зина дархостҳои субъектҳои дигари хоҷагидорӣ низ қонеъ гардонида мешаванд”, - таъкид мешавад дар шарҳ.

Дар БМТ бар ин назаранд, ки фишангҳои самараноки сиёсати қурбии БМТ, аз ҷумла тасҳеҳи (коррексия) қурбӣ ва мудохилаи (интервенсия) асъорӣ имкон медиҳад, ки норасоии пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор бартараф карда шавад.

Гуфта мешавад,  БМТ дар давоми соли равон сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” асосёфта татбиқ гардида истодааст.

Тибқи ин реҷа, қурби пули миллӣ дар асоси таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар гардида, БМТ дар ҳолатҳои аз эътидол зиёд тағйир ёфтани қурб, ба вазъи бозори дохилии асъор дахолат менамояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.