Ҳукумати Тоҷикистон барои сабук кардани оқибатҳои ногувор бар асари ҷанг дар Укроин ва таҳримҳо алайҳи Русия ба таҳияи нақшаи зиддибуҳронӣ оғоз намуд.

Дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузории назди президенти Тоҷикистон намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли дар ин робита изҳор намуд, ки Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ ҳукумати Тоҷикистонро бо бастаи тадбирҳои вокуниш ба буҳрон дастгирӣ мекунад.

Озан Севимли зикр кард, ки дар дастгирӣ ба ҷанбаҳои зерин таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд:

- ҳифзи қишри осебпазири ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷироне, ки бармегарданд ва оилаҳои онҳо тавассути низоми бехатарии иҷтимоӣ;

- дастгирии амнияти озуқаворӣ;

- баррасии қолабҳои сиёсати макроиқтисодӣ бо шумули идомаи муҳокимаи амалиёти дастгирии буҷет дар шароити буҳрон.

“Ҳарчанд барои коҳиш додани оқибатҳои бӯҳрон чораҳои фаврӣ заруранд, тақвияти устувории иқтисод ва мусоидат ба рушди бахши хусусӣ низ дар мадди аввал қарор доранд”, - таъкид дошт Севимли.
Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Ба ақидаи ӯ, бахусус устувории бахши молиявӣ, инчунин навъбандӣ (диверсификатсия)-и алоқаи рақамӣ ва алоқаи ҳавоӣ муҳим аст.

Ӯ бар ин назар аст, ки буҳрон бар асари ҷанг дар Укроин ва таҳримҳо алайҳи Русия робитаҳои муомилоти молу маҳсулот ва молиявиро дар сатҳи ҷаҳонӣ халалдор сохта, болои иқтисоди Тоҷикистон фишор меоранд.

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ инро чунин шарҳ медиҳад, ки иқтисоди Тоҷикистон ба интиқоли пул, воридоти маводи ғизоӣ ва маводи сӯхт ​​аз Русия вобаста боқӣ мемонад.

“Бар асари ин таъсир, мо аллакай дар Тоҷикистон бо болоравии қимати маводи сӯхт ва ғизоӣ ба далели боло рафтани арзиши ашёи хом дар ҷаҳон ва поин рафтани қурби асъор рӯбарӯ ҳастем”, - иброз дошт ӯ.

Дар хулоса Озан Севимли зикр кард, ки сатҳи зиндагии одамон бад мешавад, зеро қобилияти харидории хонаводаҳо паст шуда, ногузир ба қобилияти харидории аҳолӣ таъсир мерасонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.