Дар шимолии Тоҷикистон корхонаи бузурги “Кони намак” маъруф ба намаки Аштро ҷарима баста, сипас фаъолияташро муваққатан манъ кардаанд. Дари ин корхона шаш моҳ ба ин тараф баста аст ва дар ин муддат даҳҳо нафар ба рухсатии бемузд фиристода шудаву нархи намак низ дар бозор боло рафтааст.

Корхонаи “Кони намак”-и ноҳияи Ашт аз бузургтарин корхонаҳои таъминкунандаи бозори дохиливу хориҷӣ бо намаки хушсифат маҳсуб меёбад. Ин корхона, тақрибан 50 дарсади бозорҳои Тоҷикистонро бо намаки истеъмолӣ таъмин мекунад. Аммо ба далели 611 ҳазор сомонӣ ҷарима шудан, чанд моҳ аст, ки намаки Ашт дар бозор кампайдо шудааст.

Ҷамшед Ёрматов, директори иҷроияи ҶСК “Кони намак”-и ноҳияи Ашт дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки моҳи июли соли 2021 бинобар ба итмом расидани иҷозатномаи истихроҷ, фаъолияти корхона муваққатан боздошта шуд. Вай афзуд, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои лозим барои дарёфти дубораи иҷозатномаи фаъолиятро пешниҳод кардааст. Ҳоло хуллосаи ҳукумати кишварро интизоранд, ки кай иҷозаи кор медиҳанд.

“Соли 2003 иҷозатнома гирифта будем ва соли 2018 он ба итмом расид. Лекин вақте вазоратҳо гуфтанд набояд ин корхонаи калон боз истад, мо давоми ду сол бидуни иҷозатнома фаъолият кардем, зеро 100-150 нафар коргар доштем. Давоми ин ду сол, зиёда аз 3 миллион сомонӣ ба буҷаи ноҳия андоз супоридем. Аммо соли 2021 баъди тамом шудани ду соли маратория аз суйи Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Суғд омада санҷиш гузарониданд. Гуфтанд иҷозатнома надоред ва моро 611 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд, ки гӯё ин маблағи зарари расонидаи мо ба давлат будааст”,-мегӯяд Ёрматов.

Сурат: Азия-Плюс

Ба гуфтаи Ҷамшед Ёрматов, моҳи феврали соли гузашта молики корхонаи “Кони намак” Раҳматулло Машарипов вафот кард ва ҳамин тавр омода кардани ҳуҷҷатҳо барои дарёфти иҷозатномаи фаъолият тӯл кашид. Аммо ӯ мегӯяд, ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро омодаву ба ҳукумат пешниҳод кардааст ва дар сурати дарёфти иҷозатномаи фаъолият маблағи зарареро, ки мақомоти санҷишгар ҳисоб кардааст, пардохт мекунанд. Аз ин рӯ директори феълии корхона мегӯяд, интизори зудтар дарёфт  кардани иҷозатнома ҳастанд.

Ин корхона соле ҳудуди 10 ҳазор тонна намак истеҳсол мекунад, ки аз ин 6 ҳазор тонна намаки истеъмолӣ буда, боқимонда намаки техникӣ аст.

“Кони намак” яке аз корхонаҳои калони андозсупорандаи ноҳияи Ашт буда, соле бештар аз 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ба буҷҷаи маҳаллӣ андоз месупурд. Вале дар соли 2021 бинобар ба фурӯш нарафтани намак андоз низ пардохт накардааст.

Шуҳрат Муҳаммадзода, раиси ноҳияи Ашт рӯзи 28-уми март ба “Азия-Плюс” гуфт, ки шахсан худи ӯ дар масъалаи ҳарчи зудтар дарёфт кардани иҷозатнома ба корхонаи “Кони намак” талош карда истодааст ва ба ниҳодҳои болоӣ низ мактуб ирсол кардааст.

Ӯ низ гуфт, сабаби асосии аз фаъолият бозмондани корхона ба итмом расидани иҷозатнома буд. “Геологҳо санҷида ҳамаи ҳуҷҷатгузориро омода кардаанд ва дар назар аст рӯзҳои наздик корхона корро оғоз мекунад”.-гуфт, раиси ноҳияи Ашт.  

Шуҳрат Муҳамадизода, раиси ноҳияи Ашт
Акс аз манбаъҳои боз

Наргис Шамсиева, намояндагии Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар вилояти Суғд мегӯяд, корхонаи “Кони намак” санадҳои заруриро пешниҳод кардааст, ҳоло дар марҳилаи санҷиш аст ва дар сурати ҳал шудан корхона дигарбора фаъол мешавад.

Вай афзуд: “Барои фаъолият ду иҷозатнома: яке барои истихроҷ ва дигаре барои коркард лозим аст. Иҷозатнома барои истихроҷи конро Ҳукумати ҷумҳурӣ медиҳад ва иҷозати коркардро Вазорати саноат ва техналогияҳои нав. Ҳар ҳуҷҷате, ки лозим аст ба вазорат пешниҳод шудааст”. 

Ба далели дар фурӯш набудани намаки Ашт, ки аз серхаридортарин намак дар бозорҳои Тоҷикистон аст, нархи ин маҳсулон низ дар ин авохир то 50 дирам ва бештар аз ин гарон шудааст. Дар растаҳои фурӯши бозорҳои шимолии Тоҷикистон намаки Ашт камчин ва ё умуман дастнорас буда, ба ҷойи он ҳамакнун “Намаки Ёвон” ва намаки воридотӣ аз кишварҳои хориҷӣ дар фурӯш гузошта шудааст.

Сурат: Азия-Плюс

Бино ба иттилои Оҷонсии омор, дар вилояти Суғд соли гузашта як кило намак дар бозор 1 сомонӣ қиммат дошт, вале давоми ду моҳи охир то ба 1,50 сомонӣ боло рафтааст. Аз ин ниҳод ҳарчанд сабаби якбора гарон шудани намаки истеъмолӣ дар бозорро шарҳ надоданд, вале гуфтанд соли 2020 корхонаи “Кони намак”-и Ашт 10385,8 тонна намак истеҳсол карда буд, вале соли гузашта ҳамагӣ 343,8 тонна намак истеҳсол кардааст.

Аммо Ҷамшед Ёрматов, директои иҷроияи ҶСК “Кони намак”-и ноҳияи Ашт мегӯяд, то шаш моҳи пеш ва замоне, ки ин корхона фаъолият дошт нархи 1 кило намаки хушсифати истеъмолии ин корхона 60 дирам буд. Вай гуфт, баъди аз кор бозмондани ин корхона, танҳо дар бозорҳои Ашт нархи 1 кило намак то 1,20 сомонӣ ва аз он  бештар боло рафтааст. “Вақте мо фаъолият мекардем чунин гарон намешуд”-афзуд, Ҷамшед Ёрматов.

“Мо барои ниёзи мардум соле 6 ҳазор тонна намаки ошии йодноккардашуда мефурӯхтем ва тасмим доштем ҳаҷми истеҳсолотро то 8-9 ҳазор тонна зиёд кунем. Соли 2020 ҳудуди 2 000 тонна ба Ӯзбекистону Афғонистон ва Қирғизистон содир кардем, аммо дар соли 2021 ҳамагӣ 500 тонна содир шуд.  Моҳи майи соли гузашта бо як корхонаи Узбекистон барои содироти 3 ҳазор тонна намак шартнома бастем, вале нашуд. Нақша доштем намаки Ашт ба бозорҳои Аврупо низ роҳ ёбад”,-мегӯяд мудири корхона.

Сурат: Азия-Плюс

Корхонаи “Кони намак” дар Ашт, дар ҳоле аз фаъолият бозмондааст, ки соли 2015 дар ин корхона як коргоҳи 4 ошёнаиро бо харҷи 6 миллион сомонӣ бунёд карда, тасмим буд таҷҳизоти муосири чинӣ насб кунанд.

Мақомот он замон гуфта буд, иқтидори истеҳсоли коргоҳ дар як шабонарӯз 60-80 тонна намак буда, насби хатти нави истеҳсолӣ имкон медиҳад бо роҳи буғронӣ намаки хушсифати экстра истеҳсол шавад, ки он ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯй буда, рақобатпазир мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.