Ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони кори  тоҷик дар соли 2022 бо доллар ба андозаи 50% коҳиш меёбад, пешгӯӣ мекунанд таҳлилгарони Бонки осиёии рушд (БОР).

Муаллифони гузориши “Шарҳи рушди Осиё 2022”, ки нашрияи бонуфузи солонаи БОР мебошад, пешгӯии худро бо таҳримҳои иқтисодӣ нисбати Русия ва мутаносибан кам шудани ҷойҳои корӣ дар пайи он асоснок мекунанд, ки аксарияти муҳоҷиронро ба бозгашт ба ватан водор месозад.

Ҳамчунин иқтисодчиёни БОР аз беқурбшавии рубл интизорӣ доранд, ки он ба коҳиши ҳаҷми интиқоли пул бо доллар боис мегардад.

Гуфта мешавад, коҳиши интиқоли маблағ ба он оварда мерасонад, ки истеъмол дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам мешавад.

“Агар талабот ба кори муҳоҷирон ба мисли пешина барқарор шавад, ҳаҷми интиқоли пул низ дар соли 2023 ба миқдори 10% барқарор шуда метавонад”, - гуфта мешавад дар хулосаи Гузориш.

Қаблан таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ коҳиши интиқоли маблағро ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ дар сатҳи 22% пешгӯӣ карда буданд. Онҳо пешгӯиҳои худро ба “поинравии фаъолмандии иқтисодӣ дар Русия ва пастшавии қурби рубл нисбати доллар” марбут дониста буданд.

Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2021 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд доллар маблағ фиристодаанд, ки 3,4% зиёдтар нисбат ба соли 2020 аст  ва 95%-и он бо рубл фиристода шудааст.

Сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ дар бораи ҳаҷми умумии интиқоли маблағ (бо назардошти ҳамаи кишварҳо) маълумот намедиҳанд. То ин дам интиқоли пул аз дигар кишварҳо маъмулан на зиёдтар аз 10% аз ҳаҷми умумиро ташкил медод.

Бино ба маълумоти мақомоти муҳоҷирати Русия, дар ин кишвар зиёда аз 1 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, ки тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии коршоями ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Маблағои фиристодаи шахсони воқеӣ аз Русия дар соли гузашта ба 20,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.