Ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 7,1 млрд сомонӣ (570 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Ин нишондиҳанда 4,5% ё худ 310 млн сомонӣ (ҳудуди 25 млн доллар) зиёдтар аз нақшаи дақиқшуда мебошад.
Барзиёд иҷро шудани нақшаи буҷет ба афзоиши баланди воридоти маблағ аз пардохти андозҳо, ки ҳиссаи он дар қисмати даромади буҷет беш аз 72%-ро ташкил медиҳад, марбут дониста мешавад.
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 ҳиссаи пардохти андозҳо дар буҷети ҷумҳурӣ 68%-ро ташкил дода буд.
Бино ба маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми воридоти маблағ аз пардохти андозҳо танҳо дар зарфи ду моҳи аввали соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 18,1% (507 млн сомонӣ) афзудааст.
Маблағи пардохти андоз дар ин давра зиёда аз 3,3 млрд сомониро ташкил додааст, ки 3,4% зиёдтар аз нақшаи дақиқшуда мебошад.
Барзиёд иҷро шудани нишондиҳандаҳо тариқи афзоиши пардохти андозҳои асосӣ - ААИ, аксиз ва андоз аз даромад (пештар - андоз аз даромад ва андоз аз фоида) таъмин шудааст.
Ёдрас мекунем, ки аз 1 январи соли ҷорӣ Кодекси нави андоз мавриди амал қарор гирифт, ки дар он аз рӯи баъзе андозҳо меъёрҳои сабуктар зикр шудааст. Масалан, меъёри стандартии ААИ, ки беш аз 40% аз воридоти маблағ аз андозҳоро дар буҷет ташкил медиҳад, аз 18% то ба 15% поин рафтааст.
Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2022 афзоиши даромадҳо ба буҷетро дар сатҳи 19,4% пешбинӣ кардааст.
Қобили зикр аст, ки қисмати даромади буҷети давлатии Тоҷикистон ба маблағи 33 млрд сомонӣ (2,5 млрд доллар) тасдиқ шудааст.
Сарчашмаҳои асосии воридоти маблағ ба буҷети Тоҷикистон ҳамеша андозҳо дониста мешаванд, ки ҳиссаи солонаи онҳо дар даромад ба “ҳамёни асосӣ”-и кишвар тайи даҳсолаи ахир (солҳои 2012-2021) ба ҳисоби миёна 68%-ро ташкил медиҳад.
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Чӣ гуна метавон шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистонро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз кард?
“Иқдоми носанҷида”. Хадамоти алоқа аз ширкатҳои мобилӣ хост, нархи тарофаҳоро дубора боло набаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста