Қарзи кредитории корхонаву ташкилотҳои Тоҷикистон то аввали соли ҷорӣ каме бештар аз 60,5 млрд сомонӣ (5,4 млрд доллар бо қурби аввали соли 2022)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Ин қариб ба андозаи 32% ё худ 27,8 млрд сомонӣ (наздики 2,5 млрд доллар бо қурби миёна дар соли 2021) камтар нисбат ба нишондиҳандаи аввали соли 2021 - 88,3 млрд сомонӣ (зиёда аз 7,8 млрд доллар) мебошад.
Қарзҳои батаъхирафтода дар сохтори қарзи кредиторӣ ҳамагӣ ба 3,7% - ҳудуди 2,3 млрд сомонӣ баробар аст.
Зиёда аз нисфи корхонаҳои зиёновар дар Душанбе ва минтақаи гирду атрофи он ҷойгир шудааст.
Қарздори нисбатан зиёдтар байни корхонаҳои Тоҷикистон ШСХК “Барқи тоҷик” мебошад, ки қарзи кредитории он то аввали ҳамин сол ҳудуди 32,3 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, ҳиссаи корхона ва ташкилотҳои зиёновар дар давоми соли 2021 аз 25,5% дар аввали сол то ба 19% дар охири сол коҳиш ёфтааст.
Ин асосан корхонаҳои саноати истихроҷи кӯҳӣ, бахши сохтмону нақлиёт ва соҳаи алоқа мебошанд.
Ҳукумат ҳанӯз соли 2019 ба сохторҳои марбута дастур дода буд, ки дар мавриди коҳиши қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҳои тахирнопазир андешида шавад. Бо ин мақсад Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масоили идоракунии хавфҳои молиявии корхонаҳои давлатӣ таъсис дода шуд. Шӯрои таъсисёфта ба ҳимоя аз манфиатҳои молиявӣ ва амволӣ, ҷорисозии идоракунии корпоративӣ ва беҳбуди фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, ки ҳиссаи давлат дар он зиёда аз 50%-ро ташкил медиҳад, уҳдадор шуд.
Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, дар ҷумҳурӣ ҳудуди 800 корхона бо сармояи давлатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбатан бузуртаринашон ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» (100%), ҶСК «Роғун» (95%), ҶСК «Тоҷиктелеком» (95%), воҳидҳои «Барқи тоҷик» (100%), ҶСК «Тоҷиктрансгаз» (100%), ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» (100%), ҶСК «Тоҷик Эйр» (100%), ҶСК «Сементи тоҷик» (100%) мебошанд.
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми порагирӣ ва заминфурӯшӣ
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста