Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кард, ки ба иқтисоди ҷумҳурӣ маблағгузорӣ кунанд.

Зимни суханронӣ дар ҳамоиши тиҷоратии “Иннопром” дар Тошканд (25-27 апрел) ӯ зикр кард, ки саноати маъдани кӯҳӣ Тоҷикистон аз имкониятҳои бузург бархӯрдор буда, заминаи хуби меъёрӣ-ҳуқуқӣ дорад ва дар беҳбуди фазои сармоягузорӣ низ ба пешрафтҳо ноил гардидааст.

Вазир таъкид дошт, ки 93%-и қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ки қариб тамоми ҷадвали даврии Менделеевро дар бар мегиранд.

“Сармоягузорӣ ва технологияҳо лозиманд ва мо ба ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои минтақа омодаем”, - гуфтааст ӯ.

Шералӣ Кабир инчунин гуфтааст, саноати маъдани кӯҳии Тоҷикистон натанҳо талаботи кишварҳои минтақа, балки ҷаҳонро таъмин карда метавонад.

Ӯ ҳамчунин хотиррасон намудааст, ки тайи ду соли ахир Тоҷикистон байни кишварҳои ИДМ аз рӯи суръати афзоиши саноат пешсаф буда, суръати он зиёда аз 20%-ро ташкил медиҳад.

Вазир зикр кардааст, ки раҳбарияти Тоҷикистон панҷсолаи саноатикунонии кишварро бо ду баробар афзоиши истеҳсоли саноатӣ эълон кард.

“Иҷрои ин нақшаи бузург бидуни барқарор намудани робитаҳои таърихии ҳамкорӣ бо шарикони чандинасра шубҳанок ба назар мерасад”, - таъкид доштааст Шералӣ Кабир.

Аввали соли равон дар Нишасти байнулмилалии Future Minerals Summit изҳор дошта буд, ки саноати кӯҳии Тоҷикистон заминаи хуби маъданӣ ва ашёи хомро доро буда, ҳаҷми он барои таъмини рушди соҳа дар муддатҳои тӯлонӣ кофӣ мебошад.

“Тоҷикистон захираи бойи сарватҳои зеризаминӣ дорад. Аз 600 кони кашфшуда ва 200 кони зуҳурёфта зиёда аз 100 кон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар онҳо зиёда аз 50 намуди ашёи хоми минералӣ истихроҷ карда мешаванд”, - иброз дошта буд вазир.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон 37 корхона ба истихроҷ ва коркарди конҳо машғуланд, ки аксарияти онҳо аз ҳисоби сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ таъсис дода шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.