Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 25 апрел Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ» ифтитоҳ гардида, ҳайати Тоҷикистонро дар он вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир раҳбарӣ мекунад.
Тавре ки бахши котиботи Вазорати саноат хабар медиҳад, барои ширкат дар намоишгоҳи мазкур зиёда аз 200 ширкати хориҷӣ ва ҳайатҳои тиҷоратӣ аз кишварҳои ИДМ, Фаронса, Италия, Нидерландия, Ҳиндустон, Ирландия ва Ҷопон сабти ном шудаанд. Инчунин ҳайатҳои расмӣ, аз ҷумла аз Русия, Тоҷикистон, Беларус, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Муғулистон иштирок мекунанд.
Гуфта мешавад, иқтидори саноатии Тоҷикистонро дар намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ», зиёда аз 28 корхона, аз ҷумла «ТАЛКО», «Хуаксин семент», «Зиркон», «Фон- Ягноб», «Ғалла», «Рухом», «Асрори санг», «Вахдат текстайлз», «Ҷунтай Данғара Синсилу Текстайл», «Сифат саноат», «Атласи Хуҷанд», «Колинҳои Қайроққум», ҶCК «Гулистони Душанбе», «Амирӣ», «Оби зулол», «Сиёма», «Фасонак», «Ҷавонӣ», «Пиллаи Тоҷик», «Лаъл», «Акия Авесто», «Норд Азия Металл», «Зарри Суғд» ва дигароҳо муаррифӣ доранд.
Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ» бо баргузории ҷаласаи асосии «Осиёи Марказӣ: фазои пешрафти технологӣ» бо иштироки муовини Сарвазир – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Узбекистон Сардор Умурзоқов, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир, вазири саноат ва савдои Русия Денис Мантуров, вазири саноати Беларус Петр Пархомчик ва вазири иқтисоди Арманистон Ваган Керобян ифтитоҳ ёфт.
Имрӯз охирин рӯзи кори намоишгоҳ буда, аз ин навор бо ҷараёни баргузории намоишгоҳ ва чӣ гуна будани гӯшаи Тоҷикистон дар он шинос шуда метавонед.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар ҷараёни баргузории Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ» , ки се рӯз идома меёбад, ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳо дар самти сармоягузорӣ, саноатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин ба роҳ мондани робитаҳои нави корӣ ва рушди ҳамкории саноатӣ миёни корхонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳои хориҷи кишвар пурмуҳтаво суханронӣ намуд.
Дар Тоҷикистон тартиби нави баргардонидани ААИ муқаррар шуд
Нархи “солярка” дар Тоҷикистон якбора боло рафт
«Раҳими Ғармӣ» ба ҳадя кардани хонаҳо идома медиҳад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми маоши ҳадди ақал аз $38 то $57 боло рафт
Давоми 1 рӯз дар Душанбе 24 корд ва 4 электрошокер мусодира шуд
Дастурҳои президент ҷиҳати иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади буҷет
“Хуҷанд” ба даври финали минтақавии Ҷоми КФО-2022 роҳ ёфт
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ корхонаи муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис медиҳанд
Як зодаи Тоҷикистон барои интиқоли пул ба ДОИШ 9 сол зиндонӣ шуд
Вокуниши Кумитаи андоз ба мақолаи «Буҷети Тоҷикистон садҳо миллион сомониро аз даст медиҳад. Ва имрӯз сухан дар бораи кормандони андоз»
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста