Ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон, ки бо ҳам муштаракоти забониву фарҳангӣ ва динӣ доранд, пас аз коҳиш дар муддати ҳафт сол ду сол инҷониб барқарор шуда истодааст.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо ҳудуди 67 млн долларро ташкил додааст, ки 4,5 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон аз Эрон ва маҳсулоти Тоҷикистон ба ин кишвар мутаносибан маблағи тақрибан баробар - 33,5 ва 33,4 млн долларро ташкил додааст.

То ин дам мувофиқи омори расмӣ, давоми ҳафт сол ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон зиёда аз панҷ баробар - аз қариб 300 млн доллар дар соли 2013 то ба 58 млн доллар дар соли 2020 коҳиш ёфта буд.

Агар афзоиши гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон бо ҳамин суръат ба мисли семоҳаи якум давом кунад, аз рӯи натиҷаҳои соли ҷорӣ ду кишвар ба нишондиҳандаҳои соли 2013 баргашта метавонанд.

Аз Тоҷикистон ба Эрон маъмулан нахи пахта, калобаи пахтагин, алюминий ва сими алюминий интиқол меёбад. Дар навбати худ аз Эрон ба Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, мошину таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон ворид карда мешавад.

Аввали соли равон раҳбарияти ниҳодҳои энергетикии кишварҳо имкони интиқоли маҳсулоти нафтиро аз Эрон ба Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.