Ҳукумати Олмон барои сохтмони нерӯгоҳи обии хурди «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон 17,4 миллион евро маблағгузории иловагӣ ҷудо кардааст.

Шартномаи маблағгузории иловагии ин 17,4 миллионро вазири рушди иқтисод ва савдо, Завқӣ Завқизода, директори минтақавии Бонки олмонии Рушд KfW дар Осиёи Марказӣ – доктор Андреас Шнайдер ва директори генералии ширкати «Помир Энерҷӣ» Амрихон Раимов  ба имзо расониданд.

Неругоҳи Себзор бо иқтидори 11 МВт  бунёд карда мешавад. Маблағгузории иловагӣ, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи молиявии Олмон ва Тоҷикистон ҷудо шудааст, ҳаҷми умумии маблағгузории ин лоиҳаро қариб ба 53 миллион евро мерасонад. Қаблан Вазорати рушди иқтисоду савдо, Помир Энерҷӣ ва KfW созишномаҳои маблағгузорӣ ва татбиқи ин лоиҳаро бо маблағи 17 миллион евро, ки аз ҷониби Ҳукумати Олмон ҷудо шуда буд, дар моҳи июли соли 2021 ва ба маблағи 18,59 миллион еврои аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ҷудошударо дар моҳи июли соли 2020 ба имзо расониданд.

Лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори 11 МВт лоиҳаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби ширкати «Помир Энерҷӣ» бо дастгирии молиявии Ҳукумати Олмон ва Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад. Нерӯгоҳи барқи обӣ дорои иқтидори насбшуда барои тавлиди 77,6 ГВт/соат нерӯи барқ ​​дар як сол хоҳад буд ва барои беҳтар кардани дастрасии аҳолии деҳоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)  ба нерӯи барқи устувор, боэътимод ва дастрас замина мегузорад.

Бонки Олмонии Рушд KfW бо супориши Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) аз соли 2002 барномаҳои Ҳамкории молиявии Олмон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ мекунад. Барномаҳои қаблӣ дар соҳаи энергетика ки якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо амалӣ гаштанд, Таҷдиди дастгоҳи автоматии тақсимкунандаи 220/550 кВт дар нерӯгоҳи Норак, сохтмони нерӯгоҳи обии барқи хурди “Тоҷикистон” бо иқтидори 1,5 МВт дар н.Мурғоби ВМКБ-ро дар бар мегиранд.

Ҳаҷми умумии маблағҳои дар чаҳорчӯбаи Ҳамкории молиявии Олмону Тоҷикистон аз соли 2002 инҷониб барои амалӣ намудани барномаҳои муштарак дар соҳаҳои тандурустӣ, тавсеъаи устувори иқтисодӣ, мутобиҷшавӣ ба тағирёбии иқлим, маориф ва инфрасохтори коммуналӣ ва энергетика ҷудошуда зиёда аз 310 миллион евроро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.