Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон боз каме поин рафт. Агар як ҳафта пеш дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе 1 литр газ 6 сомониву 40 дирам фурӯхта мешуд, пас имрӯз, 31 май он 6 сомониву 20 дирам нарх дорад.
Мувофиқи навиштаи лавҳаҳои электронии нуқтаҳои фурӯш, имрӯз нархи бензини АИ-92 - 10,80 сомони, АИ-95 - 11,30 сомонӣ муқаррар шуда, қаблан онҳо мутаносибан бо арзиши 11 ва 11,50 сомонӣ фурӯхта мешуданд.
Яъне нархи қариб ҳама навъҳои маводи сӯзишворӣ ба ҳисоби миёна 20 дирам поин рафтааст.
Дар ҳамин ҳол, арзиши сӯзишвории дизелӣ дар Душанбе бетағйир боқӣ монда, арзиши 1 литри он 11,80 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Дар Суғд ҳам нархҳо поин рафтанд
Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ низ нархи маводи сӯзишворӣ поин рафт: дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта гази моеъ 20 дирам арзон шуд.
То 31 май 1 литр гази моеъ дар шаҳри Хуҷанд бо нархи 6,10 сомонӣ, бензини навъи АИ-92 - 10,80 сомонӣ, АИ-95 - 11,30 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ - 11,80 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мегӯянд, нархи сӯзишворӣ аз ҷониби ширкатҳои бузурги воридкунанда паст шуда, поинравии нарх бештар ба ширкатҳои таҳвилгар вобаста аст.
Аммо коршиносони коршиносони бозори сӯзишворӣ поинравии нархи маводи сӯхтро ба болоравии қурби рубли русӣ нисбат ба доллар марбут медонанд.
Тибқи омори расмӣ, 86% маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия интиқол дода шуда, ҳудуди 90%-и воридоти гази моеъ ба Қазоқистон рост меояд.
Дар гузашта аз Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумат ҶТ гуфта буданд, ки маъмулан дар мавсими зимистон бинобар сабаби кам шудани талабот, нархи сӯзишворӣ поин меравад. Дар мавсими тирамоҳу баҳор бошад, баръакс, бо сабаби оғози корҳо дар бахши кишоварзӣ арзиши сӯзишворӣ боло меравад.
Қобили зикр аст, ки гароншавии маводи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯш аз аввали моҳи март то охири моҳи апрели соли гузашта идома ёфта, лекин дар моҳи май вазъ дар бозор ба эътидол омад ва нархҳо каме поин рафтанд.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста