Имсол бори нахуст парандапарварони шимолии Тоҷикистон ҳаққи ба кишварҳои хориҷа содир кардани гӯшти мурғро пайдо кардаанд. Мақомот аз кам шудани воридоту афзудани содироти гӯшту тухми мурғ истиқбол карда мегӯянд, ин ҳосили имтиёзҳои ба соҳаи парандапарварӣ додаи ҳукумат аст.

Парандабарварон инро инкор намекунанд, вале мегӯянд, дар бозори дохилӣ талабот ба гӯшти мурғ кам шуд ва аз фурӯш дар бозори беруна низ фоидае надиданд. Аз ин рӯ маҷбур шудаанд тавозуни истеҳсоли тухмро нигоҳ доранд, вале содироту истеҳсоли гӯштро кам кардаанд.

Маъруф Шарифиён, сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, то оғози моҳи май корхонаҳои парандапарварӣ 254 миллион дона тухм ва 6193 тонна гӯшти мурғ истеҳсол карданд. 70 миллион дона тухм ва 1170 тонна гӯшти мурғ назар ба чор моҳи аввали соли 2021 дар ҳамин давраи имсол зиёд истеҳсол шудааст. Вай афзуд, бори нахуст ба мурғпарварон ҳаққӣ ба бозорҳои хориҷа низ содир кардани гӯшти мурғ ва тухм дода шуд.

Ба гуфтаи Маъруф Шарифиён корхонаҳои азими мурғпарварии “Парандапарвар-2017” тавонистанд 800 ҳазор дона тухмро ба бозорҳои Афғонистон ва “Суғд Самарқанд Паранда” 23 тонна гӯшти мурғ ва 450 ҳазор донна тухми инкубатсионӣ барои ҷӯҷаи гӯштиро ба вилояти Самарқанди Ӯзбекистон содир кунанд.

Суғд яке аз минтақаҳои рушдёфта дар самти мурғпарварӣ дар Тоҷикистон аст, ки 176 корхонаи парандапарварӣ дорад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ин вилоят 5 млн 958 ҳазору 541 сар муғ парвариш меёбад. Аммо мурғпарварон мегӯянд, бо вуҷуди дарёфти имтиёз аз ҳукумат барои пешрафти соҳа ва содироти тухму гӯшти мурғ, талабот дар бозор ба маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо кам аст, бахусус ба гӯшт.

“Истеҳсолро 50% каму содиротро бас кардем”


Корхонаи мурғпарварии “Суғд-Самарқанд-Паранда” яке аз азимтарин истеҳсолкунандаи тухм ва ҷӯҷаи мурғ дар вилояти Суғд аст, ки тахмин ҳамаи корхонаҳои истеҳсоли гӯшти мурғ аз ин корхона ҷӯҷа мехаранд. Ба гуфтаи масъулини ин корхона онҳо аввалин шуда ташаббуси содироти гӯшти мурғ ба бозорҳои хориҷаро дар миён гузоштанд. Аммо ба гуфтаи Абдуаҳад Раҳимов, роҳбари корхона ҳамагӣ баъди як маротиба содироти гӯшти мурғ ба Ӯзбекистон ин кишвар якбора 15 дарсад боҷи воридотиро боло бурд ва ҳамин тавр аз содироти гӯшт даст кашиданд.

“Дар худи корхонаи мо гӯшти мурғ 24 сомонӣ аст, аммо дар Ӯзбекистон 26 сомонӣ нарх дорад. Ҳангоми содирот аз дохили Тоҷикистон болои як кило гӯшт ҳамагӣ 1 сомонию 15 дирам ҷамъ мешавад ва ин зиёд нест. Аммо дар Ӯзбекистон якбора боҷи гумрукӣ 15% боло рафт ва болои гӯшти воридотӣ боз 5 сомонӣ ҷамъ мешавад ва нархи як кило гӯшт то расидан ба ин кишвар 30 сомонӣ мешавад. Бо ин нарх дар бозорҳои ин кишвар гӯшт фурӯхта наметавонем маҷбур шудем содиротро бас кунем”-гуфт, роҳбари корхонаи парандапарварӣ

Мурғпарварон мегӯянд, 70 дарсад гӯшти истеҳсолкардаи онҳоро корхонаҳои ҳасиббарорӣ, мағозаву ошхонаҳо ва нуқтаҳои фурӯши сихкабоб мехаранд ва танҳо 30 дарсад дар бозор ба фурӯш меравад. Аммо бинобар кам шудани талабот аз суйи корхонаҳои истеҳсолӣ ва набуди харидор дар бозор, аз оғози сол аз фурӯши гӯшти мурғ зиён диданд.

Ба гуфтаи роҳбари корхонаи “Суғд-Самарқанд-Паранда” бо вуҷуди суст шудани бозори гӯшт, нархи як дона тухм аз 1 сомонӣ то 6 дирам поён фаромад ва аксар корхонаҳо мурғи тухмдеҳро куштанд ва бино ба маълумоти ӯ якбора 3 миллион мурғи тухмдеҳ дар Суғд забҳ шуд ва амборҳо пур аз гӯшт шудаву бидуни харидор монд. Абдуаҳад Раҳимов гуфт, дар ин миён нархи гӯш арзон шуд ва ба ҷузъ содироти гӯш ба берун аз кишвар дигар роҳ надоштанд, чун хатари талафёбӣ ба маҳсулот таҳдид мекард.


“Мо ҳар моҳ то 450 ҳазор сар чӯҷа мефурӯхтем, вале панҷ моҳи охир ҳар моҳ ҳаддиақал натавонистем то 200 ҳазор чӯҷа фурӯшем ва ҳоло 50 дарсад истеҳсоли чӯҷаро кам кардем. Мо маҷбур шудем, агар ҳоло истеҳсол кунем гӯшт ба фурӯш намеравад ва чӯҷаро ба партовгоҳ бояд партоем. Тухми инкубатсиониро ба Ӯзбекистон фиристода истодаем, харидор дорад. Дар як рӯз истеҳсоли тухм 40 ҳазор дона аст",-мегӯяд ӯ.

Аммо бо вуҷуди зиёд будани саршумори ин намуд паранда ва афзудани истеҳсоли тухму гӯшт нархи он дар бозор арзон намешавад. Ҳоло дар бозорҳои Суғд қимати як дона тухм то 1 сомонӣ ва як кило гӯшти мурғ аз 30 то 40 сомонӣ ва аз ин бештар низ ҳаст.

Мурғпарварон мегӯянд, дар асл нархи тухм ва гӯшти мурғ дар худи корхонаҳои истеҳсолӣ арзонтар аст ва бо вуҷуди зиёд будани хароҷоти соҳа тавозуни нархро нигоҳ медоранд.

Ба иттилои Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд солҳои 2021 низ содироти тухми паранда ба кишварҳои хориҷа буд, вале ба миқдори ночиз. Аммо дар тоблуи содиротӣ аз оғози имсол содироти парандаи зинда ва гӯшти он пайдо шуд ва дар панҷ моҳи ахир 178 ҳазор парандаи зинда ва 23 ҳазор тонна гӯшти мурғ ба бозорҳои беруна интиқол ёфтааст. Содироти тухм аз 209 ҳазор донаи ҳамин давраи соли гузашта то моҳи майи имсол 10182 ҳазор адад афзуда воридоти он бошад 33,83 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.