Корҳои таъмиру навсозии қитъаи роҳи мошингарди Қалъаи Хумб Ванҷ (то марзи Рӯшон) рӯзи 23 июн оғоз гардиданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.
Ба корҳои таъмиру бозсозии ин қитъаи роҳ, ки бештар душворгузар дар қитъаи роҳи мошингарди Душанбе - Хоруғ маҳсуб меёбад, ширкати China Road and Bridge Corporation (CRBC)-и Чин машғул хоҳад шуд.
Масофаи қитъаи Қалъаи Хумб - Ванҷ айни замон 109 километрро ташкил дода, лекин бо сохтани ду нақб то 90 километр кӯтоҳ кардани он пешбинӣ шудааст.
Дар назар аст, ки барои корҳои таъмиру бозсозии он ҳукумати Чин ба маблағи 230 млн доллар грант ҷудо мекунад.
Дар доираи корҳои таъмиру таҷдид дар ин қитъа сохтмони роҳи духатаи дараҷаи 3-юми техникӣ, ҳамчунин бунёди ду нақб (масофаашон 5,2 км), айвончаҳои муҳофизат аз тармафароӣ (галереяҳо) бо масофаи умумии 490 метр, 15 пул (масофаашон 634 метр) ва дигар иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Ба сурати умум, роҳи автомобилгарди Душанбе - Хоруғ - Қулма дар қаламрави ВМКБ, ки таъмиру бозсозиаш ба нақша гирифта шудааст, ба се қисм ҷудо шудааст.
Бо назардошти мавқеи душвори ҷуғрофӣ корҳои таъмиру бозсозии роҳ ҷудо-ҷудо дар қиматҳо гузаронида мешвад: Қалъаи Хумб - Ванҷ то марзи Рӯшон, Рӯшон - Хоруғ ва Хоруғ - Қулма то сарҳади Чин.
Бино ба арзёбии пешакии Вазорати нақлиёт, барои корҳои таъмиру навсозии қитъаи роҳи Рӯшон - Хоруғ (масофааш 163 км) 200 млн доллар ва қитъаи Хоруғ - Қулма (масофааш 395 км) - 567 млн доллар маблағ лозим аст.
Қобили зикр аст, ки роҳи мошингарди Душанбе Хоруғ дар қаламрави ВМКБ соли 1940 дар муҳлати рекордии сеюним моҳ сохта шуд. Таърихшинос Ғафур Шерматов аз эҳтимол дур намедонад, ки дар саросари дунё дар муҳлати сохтмони роҳ чунин рекорд пештар вуҷуд надошт ва ҳатто имрӯз ҳам дида намешавад.
Пеш аз ин аз Хоруғ ба Душанбе танҳо бо роҳи мошингарди 732 километр то Ош (Қирғизистон) ва сипас тавассути роҳи оҳан 1551 километр расида метавонистед. Ҳама молҳо тавассути ағбаҳои кӯҳӣву ҷариҳо бо пайроҳаҳои танг оварда мешуданд. Илова бар ин, ин пайроҳаҳо як қисми назарраси сол баста мешуданд.
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста