Қазоқистон содироти маҳсулоти нафтиро тариқи нақлиёти автомобилӣ манъ мекунад, хабар медиҳанд расонаҳои Қазоқистон бо истинод ба Вазорати энергетикаи ин кишвар.
Гуфта мешавад, манъи содироти бензин, сӯзишвории дизелӣ (солярка) ва навъҳои ҷудогонаи маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон тариқи нақлиёти автомобилӣ аз рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда - 12 июл мавриди амал қарор мегирад.
Ба таври истисно ба содироти маҳсулоти нафтӣ танҳо “дар зарфҳои бензин (бензобакҳо)-и аз ҷониби корхонаи истеҳсолкунандаи воситаҳои нақлиёт пешбинигардида, инчунин зарфҳои ҷудогонаи ҳаҷмашон на зиёдтар аз 20 литр” иҷоза дода мешавад.
Ин тадбири мақомоти Қазоқистон ба эҳтимоли зиёд ба воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ва мутаносибан нархгузорӣ таъсири чашмрасе нахоҳад дошт, зеро интиқол аз Қазоқистон ба миқдори начандон зиёд сурат мегирад.
Мувофиқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон, дар соли 2021 ҳиссаи воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон ҳамагӣ 7% аз ҳаҷми умумии воридоти ин маҳсулотро ташкил додааст.
Воридкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон Русия мебошад, ки соли гузашта зиёда аз 86%-и талаботи бозори кишварро бо ин навъҳои сӯзишворӣ таъмин намуд. Аз соли 2013 маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бо боҷи содиротии сифр (0) ворид карда мешаванд.
Қазоқистон бошад, аз лиҳози содироти гази моеъ ба Тоҷикистон зинаи аввалро ишғол мекунад.
Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ, соли 2021 ҳиссаи воридоти гази моеъ аз Қазоқистон ҳудуди 88% аз ҳаҷми умумии воридоти ин навъи сӯзишвориро ташкил додааст.
Боздошти 9 сокини шаҳри Ваҳдат дар пайи ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”
Тоҷикистон шумори квотаҳоро ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ то 6,5 ҳазор адад кам кард
Дар Кӯшониён аз беназоратии волидон духтарчаи 4-сола ғарқ шуд
“Бародараш дар Сурия аст, худ ба Тоҷикистон омаданӣ буд”. Падари як гумонбари ҳамла ба “Крокус” боз чӣ гуфт?
Ҳалокати 5 нафар дар роҳи Душанбе - Чаноқ. Кӯдак ба таври муъҷизанок зинда монд
“Қарзи инсонии худро иҷро кардем”. Чӣ гуна тоҷикон шаҳрвандони Русияро наҷот медиҳанд?
Падари Исломовҳо аз болои қарори ҳабсашон тибқи парвандаи “Крокус” шикоят бурд
Худкушии як донишҷӯ дар хобгоҳ. Ин ҳодисаи дуввуми марги донишҷӯ дар ДДХ давоми ду ҳафтаи охир аст
Кумитаи тафтишоти Русия аз боздошти боз як гумонбари ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дод
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста