Нимсолаи аввали соли 2022 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 17,3% афзуд.

Вазир саноат ва технолгияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотии рӯзи 18 июл изҳор намуд, ки дар ин давра ба маблағи 19,1 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки 2,8 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда ба истиснои нерӯи барқ, об ва маҳсулоти чопӣ (полиграфия) 26,3% афзуда, Тоҷикистон аз рӯи суръати афзоиш дар байни кишварҳои ИДМ боз дар ҷои аввал қарор гирифт.

Вазир изҳор намуд, ки аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии дар Тоҷикистон истеҳсолшуда 57,2%-аш ба саноати коркарди кӯҳӣ, 24%-аш - ба саноати истихроҷ ва 18,4%-аш ба бахши энергетика рост меояд.

Зикр шуд, ки аз нисф зиёди маҳсулоти саноатӣ - 58,3% дар вилояти Суғд истеҳсол шудааст.

Дар зарфи 6 моҳ содироти ангишт аз Тоҷикистон қариб 15 маротиба афзуда, дар ин давра ҳудуди 279 ҳазор тонна (ҳамин давраи соли гузашта - ҳамагӣ 19 ҳазор тонна) ангишт ба хориҷи кишвар интиқол дода шудааст.

Дар ин давра ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз қабили маъдани тозашуда (190 ҳазор тонна), семент (677 ҳазор тонна), нахи пахта (ҳудуди 50 ҳазор тонна), маҳсулоти дӯзандагӣ (12 млн доллар), пӯст (2,1 ҳазор тонна), хушкмева (18,6 ҳазор тонна), нӯшокиҳои ташнашикан (6,6 ҳазор тонна) ва орди гандум (1,4 ҳазор тонна) ба таври назаррас зиёд шуд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми содироти риштаи пахтагин, маснуоти ҷӯроббофӣ,  абрешим ва маҳсулоти консервшуда кам шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.