Бори аввал тайи 6 моҳи соли 2022 воридоти гандуму орд, биринҷ, картошка, меваҳои тропикӣ ва субтропикӣ, инчунин дигар маҳсулоти гуногуни истеъмолӣ ба Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 19 июл раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода хабар дод. Дар ҳамин ҳол, воридоти шакар (қанд) ба ҷумҳурӣ зиёд шудааст.

Муҳаммадсаид Файзуллозода
Сурат: Asia-Plus

“Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон аз хориҷи кишвар 356 ҳазор тонна гандум харид, ки 19 ҳазор тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад", - гуфт раиси Кумита.

Зикр шуд, ки аз оғози сол ба ҷумҳурӣ зиёда аз 87 ҳазор тонна шакар (қанд) оварда шудааст, ки 2,9 ҳазор тонна зиёдтар нисбат ба 6 моҳи соли 2021 аст. Бо сабаби рӯйдодҳо байни Русия ва Украина, мо ба Ҳиндустон ва Покистон таваҷҷуҳ карда, имрӯз қисмати зиёди шакар аз ин кишварҳо ворид карда мешавад”.

Бино ба маълумоти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, нимсолаи аввал 3,9 ҳазор тонна маҳсулоти гӯштӣ, 5,6 ҳазор тонна маҳсулоти ширӣ, 1,5 млн чӯҷа, ҳудуди 8 млн дона тухми инкубатсионӣ, 2,4 ҳазор тонна маҳсулот аз моҳӣ, наздики 330 ҳазор тонна хӯрокаи чорво ва ғайра аз назорати фитосанитарӣ дар сарҳад гузаронида шуданд.

Ба гуфтаи Файзуллозода, имсол содироти меваи тару тоза ва хушкмева аз Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза зиёд шудааст. Дар ин давра ба хориҷи кишвар 12,8 ҳазор тонна меваи тару тоза ва зиёда аз 20 ҳазор тонна хушкмева содир шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мутансибан 7,7 ҳазор тонна ва 8 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.