Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Помир-Медиа» - Бар асари садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) як навраси 13 -солаи деҳаи Барчид ҳалок шуд.

Сардори хадамоти матбуотии раёсати корҳои дохилии Бадахшон Мизроб Доробов   иттилоъ дод, ки дар деҳаи Барчиди ноҳияи Шуғнон автомашинаи тамғаи “ HONDA ” як наврасро зер кардааст.

Вай афзуд, ки ин хонандаи синфи ҳафтум пас аз зери чархи мошин мондан бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол   ва дар он ҷо ба ҳалокат расидааст. Оид ба ин ҳодиса аз болои ронандаи 18-солаи шаҳри Хоруғ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.