Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - «Сатҳи оби дарёҳои ҷумҳурӣ мувофиқи меъёр аст ва ба Тоҷикистон обхезӣ таҳдид намекунад», - изҳор дошт имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар назди ҳукумати ҶТ Ҳайбулло Латифов.

Ба қавли ӯ, ҳарчанд зимистона имсола сербориш омада бошад ҳам, хушксолии фасли баҳор эҳтимолияти обхезиҳоро бартараф сохт. «Мо ҳамарӯза мониторинги сатҳи оби рӯдхонаҳои кишварро мегузаронем ва ҳеҷ таҳдиди офатҳои табииро мушоҳида намекунем», - гуфт вай.

Дар шарҳи масъалаи сатҳи оби обанбори Норак роҳбари кумита чунин изҳори назар кард, ки он дар сатҳи миёнаи чандинсола қарор дорад ва чун анъана охирҳои моҳи август ё аввалҳои моҳи сентябр то ҳадди ниҳоӣ пур мешавад. «Истифодаи минбаъдаи оби он ба мо вобаста аст», - гуфт Ҳ.Латифов.

Ӯ аз аҳолии ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки ҳангоми оббозӣ дар наҳру кӯлҳо ба қоидаҳои бехатарӣ риоя намоянд. «Ҳамасола танҳо дар шаҳри Душанбе 60 нафар ғарқ мешаванд, - идома дод вай. - Аз хотир набояд фаромӯш сохт, ки дарёҳои Тоҷикистон аксаран кӯҳианду об дар он хеле босуръат ҷорӣ мешавад, аммо кумитаи мо танҳо чаҳор сарулибоси наҷотдиҳии ғарқшудагонро дорост, ки он ҳам танҳо дар рӯдхонаҳои ҷараёни обаш ором истифода бурда мешавад».

Дар анҷом Ҳ.Латифов иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар наҳру кӯлҳои ҷумҳурӣ 33 нафар ғарқ шудаанд.