Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ноҳияи Бохтар ҷустуҷӯи ҷасади наврасе, ки ҳанӯз 31-уми июл ғарқ шуда буд, идома дорад.

Аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сокини деҳаи Қизилюлдузи ноҳияи Бохтар, навраси 13-сола Ҳақназар Саидмуродов ҳангоми оббозӣ дар канали маҳалла ғарқ шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷасад ҳанӯз ёфт нашуда, онро то ҳанӯз ҷустуҷӯ доранд.

Мувофиқи маълумоти кумитаи номбурда, дар шаш моҳи соли равон дар дарёву кӯлҳои ҷумҳурӣ 39 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидананд. Аз ин рӯ, наҷотдиҳандагон аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки ҳангоми истироҳат назди кӯлу дарёҳо қоидаҳои оддии бехатариро риоя намоянд.