Хуҷанд. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар яке аз ноҳияҳои минтақаи шимоли Тоҷикистон ҳамаи аъзои оила худро ба дор овехтанд, ки ду нафари онҳо кӯдакони 6-сола ва 3-сола буданд.

Тибқи маълумоти сарчашма, ҳангоми баргузории тафтишот ошкор шудааст, ки шоми 4-уми август миёни волидайни кӯдакон ҷанҷол рух медиҳад ва модар худ ва кӯдаконашро дар оғил ба дор мекашад. «Пас аз чанде падар ин ҳолро дида, бо чунин тарз ба худкушӣ даст мезанад», - изҳор дошт манбаъ. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мувофиқи маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, шумораи ҳодисаҳои кӯшиш ё ба худкушӣ даст задан ба миқдори 75 фоиз афзудааст, яъне агар дар ҳамин давраи соли гузашта чунин ҳодисаҳо 88 адад буданд, пас дар соли равон ин рақам ба 154 адад расидааст.