Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни санҷиши аризаи сокини шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муовини сарвари литсеи касбиву техникии пойтахт Амрихудо Назриддиновро ба ҳабс гирифтанд.

Аз агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар аризаи худ сокини шаҳри Душанбе хабар додааст, ки А.Назриддинов барои қабули довталаб аз ӯ ва шиносаш 600 доллари амрикоӣ тамаъ кардааст.

«Чанде пештар омӯзгор ҳангоми гирифтани пора дар утоқи кориаш ба ҳабс гирифта шуд», - изҳор дошт манбаъ. Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот бурда мешавад.