Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - « BBC Persian . com » - Чаҳор тан аз роҳсозони чиноӣ ва як шаҳрванди тоҷик дар рӯдхонаи Зарафшон дар шимоли Тоҷикистон ғарқ шудаанд.  

Тибқи иттилоъи манобеъи кумитаи умури изтирорӣ дар вилояти Суғд, ин ҳодиса баъд аз зӯҳри рӯзи душанбе, 11 август, дар қаламрави ноҳияи Айнӣ рух додааст.

Гуфта мешавад, ки чаҳор шаҳрванди чиноӣ ва як шаҳрванди Тоҷикистон, ки коргарони ширкати «Чайна роуд» ҳастанд, дохили мошине будаанд ва он дар рӯдхона сарозер шудааст.

Ниҳодҳои умури изтирорӣ гуфтаанд, ки то ҳол ҷасади се шаҳрванди Чинро аз рӯдхонаи Зарафшон пайдо кардаанд ва ҷустуҷӯи ҷасади ду нафари дигар идома дорад.