Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Душанбе аз фориғболии ронанда роҳгузари 27-сола ва мусофири таксии мусофирбар ба ҳалокат расиданд. Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки соати 8-и бегоҳ ронандаи автомашинаи «Тойота Авалон» Бобо Азимов дар кӯчаи Синои пойтахт роҳгузар Ибод Элҷоновро бо мошин пахш мекунад. Чанде пас автомашинаи ӯ бо автомашинаи «Чанху» (тангем) бархӯрд мекунад. Роҳгузар ва мусофири дар дохили нақлиёти мусофирбар буда ба ҳалокат расида, панҷ нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.

Ҳамчунин дар ноҳияи Турсунзода ҳангоми ҳаракат ба самти қишлоқи Оқмасҷид автомашинаи «Опел»-и шаҳрванд Дилшод Азимов бо автомашинаи «Тико»-и шаҳрванд Аҳлиддин Назаров бархӯрд намуд, ки бар асари он ронандаи автомашинаи «Тико» ҳалок гардида, 7 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.

Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 9 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари он 5 нафар ҳалок ва 22 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.