Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Соли равон кормандони Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ 534 ҳазору 772 қонуншиканиҳоро дар роҳҳои мошингард ба қайд гирифтанд.

Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ба истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми ҳаракати нақлиёт 1 ҳазору 42 ҳодисаи қонуншиканӣ, ба идораи воситаи нақлиёт бидуни иҷозатномаи ҳуқуқи ронандагӣ 24 ҳазору 576 қонуншиканӣ ва дар ҳолатӣ сархушӣ идора кардани воситаи нақлиёт 6 ҳазору 576 ҳодисаи қонуншиканӣ ба рост меояд.

Ҳангоми баргузории амалиёт ҳамчунин 5 ҳазору 419 автомашина бидуни рақами давлатӣ ва 4 ҳазору 749 воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳшуда ошкор карда шуданд.