Душанбе. 25-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фавти 68 нафар мусофирон дар садамаи ҳавопаймои «Боинг-737» дар наздикиҳои Бишкек ба ҳамтои қирғизистонии худ Қурмонбек Боқиев барқияи тасаллият ирсол намуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.

«Аз ҳодисаи фалокати ҳавопаймо, ки боиси марги 68 нафар гардидааст, сахт андӯҳгин буда, аз номи мардуми кишвар ва ҳукумати Тоҷикистон ба хешону пайвандони фавтидагон ҳамдардии амиқи хешро изҳор менамоям», - гуфта мешавад дар барқия.

Ёдрас мекунем, ки шоми дирӯз дар наздикиҳои фурудгоҳи Бишкек бар асари ба садама дучор гардидани ҳавопаймои «Боинг-737»-и хатсайри Бишкек-Теҳрон 68 тан кушта, 22 тан захм ӣ ва 3 нафар бенишон шуданд.