Душанбе. 25-уми август. ОИ «Азия-Плюс»-«
ozodi
.
org
» - Дар садамаи ҳавопаймои масири Бишкек--Машҳад 68 тан кушта, 22 тан захм
ӣ
ва 3 нафар бенишон шудаанд.
Суханг
ӯ
и фурудгоҳи Манас ба хабаргузориҳо гуфтааст, ҳавопаймои "Боинг-737", мутааллиқ ба ширкати хусусии ҳавонавардии "Итек-эйр", лаҳзае баъд аз канда шуданаш аз замин аз мушкили фанн
ӣ
хабар дод ва дар ҳоле ки халабонҳо тасмими бозгашт ба фурудгоҳро гирифта буданд, дар наздикии деҳаи Янгиери водии Чуй, чандкилометри фурудгоҳи Манас суқут кард.
Намояндаи Вазорати беҳдошти Қирғизистон, Елена Баялинова гуфт, бар асари ин фалокат 68 сарнишини ҳавопаймо кушта, 22 тан захм
ӣ
ва 3 тан бенишон шудаанд.
Пештар суханг
ӯ
и фурудгоҳи Манас гуфта буд, ҳавопаймо, ки мебоист ба шаҳри Машҳади Эрон парвоз кунад, 123 сарнишин дошт. Аммо вазири ҳолатҳои изтирории Қирғизистон, Қамчибек Ташиев гуфтааст, ҳавопаймо 90 сарнишин дошт. Дар ҳамин ҳол Вазорати ҳавонавардии Қирғизистон хабар дод, ки 25 нафар аз сарнишинони ҳавопаймо зинда мондаанд. Бештар онҳое ба ҳалокат расидаанд, ки дар курсиҳои миёна
ҷ
ои ҳавопаймо менишастанд.
Намояндаи Вазорати беҳдошти Қирғизистон гуфт, 9 нафар аз сарнишинони захмии ҳавопаймои суқуткарда ба бемористон интиқол дода шуданд.
Ҳарбиёни амрико
ӣ
дар фурудгоҳи Манас ба хабарнигорон гуфтаанд, халабонони ҳавопаймо пас аз 10 дақиқаи парвоз аз мушкилоти фанн
ӣ
хабар додаанд ва теъдоди мусофирон 83 нафар будааст.
"Итек-эйр" ширкати қирғиз
ӣ
буда, аммо гуфта мешавад, аз тарафи ширкати "Осмон Эйр"-и Эрон идора мешавад. Бар тибқи номг
ӯ
йи Иттиҳоди Аврупо, ба ҳавопаймоҳои "Итек-эйр" парвоз ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мамн
ӯ
ъ будааст.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории
CA
-
News
иттилоъ медиҳад, ки Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯйхати мусофирони ҳавопайморо пешниҳод сохтааст ва миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Чӣ гуна метавон шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистонро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз кард?
“Иқдоми носанҷида”. Хадамоти алоқа аз ширкатҳои мобилӣ хост, нархи тарофаҳоро дубора боло набаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста