Душанбе. 1 сентябр.   - Имрӯз соати 9-у 24 дақиқа дар Тоҷикистон замин сахт ҷунбид. Аз рӯи маълумоти пешакӣ маркази заминларза дар масофаи 135 километрии самти ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе воқеъ буда, қувваи он тақрибан 6 баллро ташкил дод.

Қувваи зилзила дар шаҳри Душанбе қариб ба 4 балл баробар шуд. То ҳол дар бораи хисороти заминларза маълумоте ба даст наомадааст.