Душанбе. 5-уми   сентябр.  - Субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ рух дод. Заминларза соати 9-у 58 дақиқаи вақти Душанбе ба амла омада ,маркази он дар масофаи 298 километрии самти ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон воқеъ буда, қувваи он дар он ҷо тақрибан 5-6 баллро ташкил дод.

Қувваи зилзила дар шаҳри Душанбе қариб ба 3-4 балл баробар буд. То ҳол дар бораи хисороти заминларза маълумоте ба даст наомадааст.

Қобили зикр аст, ки ахиран заминларза дар Тоҷикистон 1-уми сентябр ба қайд гирифта шуда буд, ки дар маркази заминҷунбӣ қувваи он 6 баллро ташкил дода, дар Душанбе қувваи он ба 4 балл баробар буд.