Як ҳавопаймои ширкати "Аэрофлот"-и Русия ҳини нишаст дар фурудгоҳи шаҳри сибирии Перм суқут кард. Ҳама 88 сарнишин ба ҳалокат расиданд. Ҳарчанд сабабҳои фоҷеа ҳанӯз бояд мушаххас шавад, аммо ҳодисаи ахир бори дигар ноамнии низоми ҳавопаймоии русиро ба намоиш гузошт.
Сухангӯи
вазорати
ҳолатҳои
изтирории
Русия
Ирина
Андрианова
гуфт
,
ки
ҳеҷ
нишонае
аз
аъмоли
террористӣ
дар
ин
ҳодиса
ба
назар
намерасад
.
Вай ҳодисаро чунин тасвир кард:
"
Имшаб
ҳавопаймои
мусофирбари
Боинг
-737,
ки
ба
ширкати
"
Аэрофлот
-North"
тааллуқ
доштааст
,
суқут
кард
.
Ҳавопаймо аз Маскав ба Перм парвозе анҷом дод.
Соати 12-и
шаб он фурудгоҳи Маскавро тарк карда соати 3:13, дар баландии
Дар
миёни
қурбониҳои
ин
фоҷеа
дар
баробари
сокинони
Русия
инчунин
шаҳрвандони
Озарбойҷон
,
Украина
,
Фаронса
,
Швейтсария
,
Латвия
,
ИМА
,
Олмон
,
Туркия
ва
Итолиё
буданд
.
Хабаргузории Интерфакс мегӯяд, ки ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймо аллакай мавриди таҳқиқи гурӯҳи тафтишотӣ қарор дода шудааст. Ҳавопаймои мазкурро "Аэрофлот" аз ширкати
Pinewatch
Limited
, воқеъ дар Дублин охирҳои моҳи июли имсол то моҳи марти соли 2013 ба иҷора гирифтааст.
Сухангӯи
ширкати
миллии
Роҳи
оҳани
Русия
Александр
Буратаев
гуфт
,
ки
дар
натиҷаи
ин
фоҷеа
,
қисмате
аз
роҳи
оҳани
Сибир
ҳам
хароб
шудааст
.
Тибқи иттилои Анҷумани байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ Русия бадтарин нишондодҳои амнияти ҳавоӣ дар ҷаҳонро доштааст. Соли гузашта дар ин кишвар 33 ҳодисаи суқути ҳавопаймоҳо ба қайд гирифта шуда дар натиҷа 318 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Ва ин рақам шаш баробар бештар назар ба нишондодҳои соли 2005 будааст. Мутахасси
c
он дар чунин вазъ назорати заъифи давлатиро аз болои хадамоти ҳавоӣ ва
омодагии нокофии халабонҳоро барои парвоз гунаҳгор мекунанд. Ҳавопаймоҳои русӣ фарсудаву солхӯрда шудаанд. Моҳи январ комиссиюни амнияти ҳавоӣ гуфт, ки синни миёнаи ҳавопаймоҳои байналмилалии русӣ 18 ва ҳавопаймоҳои байнишаҳрии дохили Русия 30 солро ташкил медиҳад.
Дар
тӯли
як
моҳи
охир
ин
дуюмин
ҳодисаи
суқути
ҳавопаймои
навъи
Боинг
-737
дар
қаламрави
шӯравии
собиқ
мебошад
.
Тайёрае, ки рӯзи 24 август бояд аз Қирғизистон ба самти Эрон парвоз мекард, баробари боло шудан аз замин суқут кард ва боиси ҳалокати 64 нафар сарнишини он шуд. Куллан дар дохили ҳавопаймо 90 мусофир ҳамроҳ бо халабонҳо қарор доштанд.
Феълан халабони аслии ин хатсайр мавриди
боздошт қарор гирифтааст.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста